16.9 C
Dushanbe

Дастур: мушкили кадр дар соҳаи маориф ҳал карда шавад!

Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон 1-уми сентябри соли ҷорӣ зимни ифтитоҳи чанд муассисаи таълимӣ аз камбуди кадрҳои омӯзгор дар мактабу донишгоҳҳо шикоят кард.

Раисҷумҳур рӯзи панҷшанбе ҳангоми ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим дастур дод, ки мушкили кадри омӯзгорон дар кӯтоҳтарин муддат ҳал карда шавад.

Тибқи оморҳои расмӣ, ҳоло дар дар кишвар аз боғчаи кӯдакон то донишгоҳҳои олӣ 4822 муассисаи таълимӣ вуҷуд дорад. Вале дар муассисаҳои таълимии кишвар 3406 омӯзгор наммерасад.

Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон аз норасоии 3406 омӯзгор дар муассисаҳои таълимии кишвар шикоят мекунад, ки тибқи омори мақомот, соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бо тахассуси омӯзгор 5323 нафар ва коллеҷҳои омӯзгориро 1830 нафар ҷавонон хатм карданд. Яъне, танҳо дар як сол дар маҷмуъ 7153 кадри омӯзгор омода шудааст, вале боз ҳам беш аз 3 ҳазору 400 кадр дар ин соҳа намерасад.

Камбуди кадр дар соҳаи маориф яке аз мушкилотест, ки солҳо боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, ҳал кардани ин мушкилӣ аз як сӯ кори чандон мушкилӣ нест, зеро дар кишвар кадри омӯзгор ба андозаи кофӣ дорем. Ба таври мисол, вақте танҳо дар як сол беш аз 7 ҳазор кадр дар ин ришта омода мешавад, давоми 5 ё 10 соли гузаштаро агар ҳисоб кунем, хеле кадрҳои зиёд вуҷуд дорад, ки ба қадри кофӣ басанда аст.

Аммо аз сӯи дигар ин мушкилӣ ҳал шуданаш бисёр душвор ба назар мерасад, зеро сабаби аслии фирори омӯзгорон ин кам будани маош аст. Ва сабаби ночиз будани маоши омӯзгорон аз вуҷуди фасоди бузург дар ин соҳа дарак медиҳад. Мутаассифона фасоду ришва танҳо дар як соҳа нест, дар тамоми соҳаҳои кишвар ба авҷи аълои худ расидааст ва ин падида сабаб мешавад, ки мушкилот рӯз ба рӯз бештар гирдида, барои онҳо роҳи ҳал пайдо кардан номумкин шавад.

Ягона роҳи ҳал пайдо кардан барои рафъи мушкилоти кадрӣ дар соҳаи маорифи кишвар, ин таъмини омӯзгорон бо маоши хуб аст. Агар воқеъан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тавонад ин мушкилиро бартараф кунад ва омӯзгорони ҷавонро бо маоши хуб таъмин кунад, пас маълум мешавад, ки ин ниҳод буҷаи кофӣ дорад, вале ҳамаи он аз ҷониби масъулони ин вазорат ғорат мешавад ва хоинони асосӣ ҳам ҳаминҳо ба ҳисоб мераванд.

Аммо маълум аст, ки Вазорати маориф наметавонад ин мушкилиро рафъ кунад, сабабҳояшро бар боло зикр кардем. Дар чунин сурат Эмомалӣ Раҳмон бояд вазирону расиони дуздашро, ки буҷаи кишварро ғорат мекунанд ва ҳаққи мардумро мехӯранд ҳамчун хоини давлату миллат бе ҳукми додгоҳ умрбод ба зиндон андозад, чи гунае, ки фаъолони сиёсӣ ва равшанфикрони бегуноҳро мекунад. Чун ӯ метавонад ба чунин коре даст занад.

Дар сурати иҷро нашуадни дастури Эмомалӣ Раҳмон ва боз ҳам беҷазо мондани вазир Саидзода ва дигар масъулони соҳа, маълум мешавад, ки расиҷумҳур ё ноуҳдабарост ва ё худаш ҳам дар дуздии буҷет шарик аст.

Муҳаммадлии Юсуф

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.