Баргузории интихоботи президентии ғайринавбатӣ дар Қазоқистон

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, рӯзи 1-уми сентябр дар паёме ба порлумон аз баргузории интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар тирамоҳи имсол хабар дод.

Тоқаев зимни паёмаш ба мардуми Қазоқистон гуфт, ки “Барои татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти решаӣ ва фарогир барои бунёди Қазоқистони одилу шукуфо мандати боварии халқ лозим аст. Барои ман манфиатҳои давлат аз ҳама болост. Аз ин рӯ, ман омодаам, ки замони салоҳиятҳои худро коҳиш дода, ба интихоботи ғайринавбатӣ биравам”.

Инчунин раисҷумҳури Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки муҳлати президентӣ то як давраи ҳафтсола маҳдуд карда шавад ва ба нафаре, ки президент интихоб шуд, ҳаққи дубора номзад шудан дода нашавад.

Ӯ дар робита ба ин пешниҳодаш гуфтааст, ки “Пешниҳоди ман хатарҳои инҳисор (монополия)-и қудратро ба таври назаррас коҳиш медиҳад”.

Тоқаев инчунин пешниҳод кардааст, ки интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ дар нимаи аввали соли 2023 баргузор шавад. Ба гуфтаи ӯ, интихоби вакилони шӯроҳои маҳаллӣ низ дар он вақт хоҳад гузашт. Қарор буд, интихоботи президентӣ дар Қазоқистон соли 2024 ва интихоботи порлумонӣ соли 2025 баргузор шавад.

Барои баргузории интихоботҳо, аввал порлумон бояд пешниҳодро бипазирад ва онро ба Кумисюни марказии интихобот фиристад.

Ёдовар мешавем, ки Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар моҳи июни соли 2019 бо ба даст овардани аксари оро раисҷумҳури Қазоқистон интихоб шуда буд. Тибқи Қонуни асосии Қазоқистон, як нафар танҳо ба ду давраи пансаолаи президентӣ ҳақ дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.