Боздошти як блогери помирӣ дар Маскав

Шоми 5-уми сентябри соли ҷорӣ, блогери зодаи Бадахшон Комёр Мирзоев дар шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст.

Комёр зодаи шаҳри Хоруғ буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Комчек Мирзоев маъруф аст. Наздикони ӯ ба Pamir Daily News гуфтаанд, ки кормандони пулиси Маскав ӯ ва чанд нафари дигарро, ки дар як хона зиндагӣ мекарданд, бо худ бурданд. То ҳол макони нигаҳдории онҳо маълум нест.

Комёр Мирзоев шаш моҳи охир дар Маскав зиндагӣ мекард ва ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул набуд.

Наздикони Комёр мегӯянд, ки ӯ низ мисли дигар зодагони ВМКБ метавонад ба таври иҷборӣ ба Тоҷикистон ихроҷ ва онҷо ба зиндон маҳкум шавад.

Пас аз ҳодисаҳои ахири Бадахшон дар Русия беш аз 20 зодаи ВМКБ рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Чанд тани дигар дар боздоштгоҳҳои Русия интизори қарори истирдоданд ва дар Тоҷикистон хатари боздошту зиндонӣ шудан онҳоро таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, зодагони Бадахшоне, ки дар ин муддат боздошт шудаанд, дар Русия кору зиндагӣ мекарданд ва қисме фаъолони диаспораи помирӣ буда, бар зидди саркӯби мақомоти тоҷик алайҳи аҳолии Бадахшон садо баланд карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.