YouTube: Меҳмондории “кӯдакона”-и Раҳмон аз Путин

Шабакаҳои ҷаҳонии Ютуб меҳмондории Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путинро “кӯдакона” арзёбӣ кардааст.

Канали ютубии Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ки матолиби марбут ба Эмомалӣ Раҳмон, дидорҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳояшро нашр мекунад, 16-уми июли соли 2014 дар ин шабакаи иҷтимоӣ сабти ном шудааст.

Бо ин вуҷуд, ин канал дар зарфи зиёда аз 7 сол фаъолиятҳои худ то ҳол натавониста, ки дасти кам 7 ҳазор дунболкунандаи доимии худро пайдо кунад ва дар ҳоли ҳозир теъдои дунболкунандаҳои доимии он низ ҳудуди 6 ҳазору 560 нафарро ташкил медиҳанд.

Аз сӯи дигар аксари навор ва матолиби ахири ин канал нисбат ба дигар каналҳои хусусӣ ва расонаҳо хеле бинандаи кам дорад ва барои мисол, то замони таҳияи ин матлаб “Маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёна бо забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“, ки 01.09.2022 нашр шуд, ҳамагӣ 101 нафар дидааст.

Дар як ҳафта доштани 101 бинанда барои як навор дар ин канал нархи миёна ва мутавассити муштариёни онро нишон медиҳад, зеро хеле аз наворҳои онро бо гузашти чанд солу моҳ камтар аз 100 нафар дидааст.

Аммо ҷолиб он ки шабакаи иҷтимоии Ютуби пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путинро, ки дар сафари ахираш ба Тоҷикистон ба сурати “афсонавӣ” сурат гирифта буд, “меҳмондории кӯдакона” баҳо додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Литва қабули дархости нави муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро боздошт

Давлати Литва қабули дархостҳои нави муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт.

Русия қоидаҳои ҷалби муҳоҷирони кориро сахттар мекунад

Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кардааст, ки аз соли 2027 дар баъзе соҳаҳо шумори коргарони хориҷӣ дар 10 минтақаи кишвар коҳиш дода шавад.

Музокироти Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишасти СММ: Оё сулҳе дар роҳа аст?

Амрико ва Эрон рӯзи 22-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокирот анҷом доданд.

Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.