ВКД: Қирғизҳо ба масҷиду мактаб ҳамла карданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дирӯз баъд аз эълони оташбас низомиёни қирғиз ба масҷиду мактаб низ ҳамла карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки баъд аз эълони оташбас “чархболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи (Қирғизистон) манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти ҷамъиятии Тоҷикистонро ҳадафи ҳамлаи ҳарбӣ қарор додааст, ки дар натиҷа сокинони осоишта ба ҳалокат расидаанд.”

Инчунин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро “ба аҳдшиканӣ” муттаҳам карда гуфтааст, “16 сентябри соли 2022, тахминан соати 17:20-дақиқа, дар ҷамоати деҳоти «Овчӣ-Қалъача»-и ноҳияи Б.Ғафуров бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеъ, ки дар паҳлӯи МТМУ №8 ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача ҷойгир аст, хароб карда шудааст. Ҳамчунин дар ин минтақа даҳҳо хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ мавриди ҳамлаи ҳарбиву низомӣ қарор гирифтааст.”

Пеш аз ин Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам эълон кардааст, ки имрӯз, 17-уми сентябри соли ҷорӣ то соати 10:00 марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон “нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як тоҷик дар фурудгоҳи Модлини Лаҳистон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ

Кормандони Хадамоти марзбонии Лаҳистон дар фурудгоҳи Варшава–Модлин як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистонро боздошт карданд.

Оғози давраи нави машваратҳо байни Тоҷикистону Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола

Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола даври даҳуми машваратҳои солонаи сиёсиро дар шаҳри Вашингтон баргузор карданд.

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов даргузашт

Ҳунарманди маъруфи тоҷик ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания» Бахтиёр Раҳимов шаби 30-юми июн дар синни 56-солагӣ даргузашт.

Коҳиши дархости паноҳандагии тоҷикистониён аз Лаҳистон

Аз аввали соли ҷорӣ 62 шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон дархости паноҳандагӣ додаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 3% кам аст.