Пас аз Исфараву Ғафуров Лахш ҳам ноором шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар Лахш (Ҷергатол) ҳам ноором шудааст.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз, 17-уми сентябри соли 2022, соати 11:50 “Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.”

Ба қавли манбаъ, инчунин “новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-и имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани  дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст.”

Гуфта мешавад Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамлаҳои имрӯзаи қирғизҳо ба дидбонгоҳҳои марзии Тоҷикистонро “худсарона” хондааст, вале ҷониби Қирғизистон дар ин бора то ҳол расман ҳеч вокунише накардааст. Аммо субҳи имрӯз Содир Ҷабборов гуфта буд, ки “қотеъона аз манофеи миллӣ ҳимоят мекунем ва як сантиметр заминҳои аз ниёгон меросмондаро ба касе намедиҳем.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.

“Кохи тамаддуни ориёӣ” дар Душанбе: таърихи тоҷикон ё ривояти Э.Раҳмон?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди наве дар робита ба ҳувиятсозии тоҷикон дар сархати расонаҳои давлатӣ қарор гирифт.

Кувайт сафорати худро дар Душанбе боз кард ва Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Давлати Кувайт сафорати худро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ карда, Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба ҳайси нахустин сафири худ дар Тоҷикистон таъин намуд.