Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе метро месозад

Мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон метро месозанд. Аммо кай сохтмони он оғоз мешавад ва коргарон аз кадом кишвар ба сохтани он ҷалб мешаванд, маълум нест.

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, рӯзҳои 17-19 октябри соли 2022 вазири ин ниҳод Завқизода Завқӣ Амин ҳамчун раиси ҳайати расмии кишвар бо намояндагони боломақомои иқтисодӣ ва тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ мулоқот анҷом дод.

“Вазири рушди иқтисод ва савдо, ҳамраиси қисми Тоҷикистони комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Завқизода Завқӣ Амин дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) Cон Ҳюк-Санг, Президенти Агентии пешбурди савдою сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ (KOTRA) Ю Ҷонг Йол, Роҳбари кумитаи махсуси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Сух Бюнгсу, роҳбарияти бонки содиротию воридотӣ (EXIMBANK), Вазорати савдо, саноат ва энергетика ва ширкати роҳи оҳани миллӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсоли мошинҳои электрикӣ, нассоҷӣ, панелҳои офтобӣ, истихроҷи маъдан, рақамикунонии иқтисодиёт, сохтмони IT Park, моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯриҳо баргузор намуд.”, омадааст дар хабари вазорат.

Гуфа мешавад, дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон аз ҳайтаи Кореяи Ҷанубӣ дархост кардаанд, ки барои рушди иҷтисоди Тоҷикистон маблағгузориҳоро “ба таври назаррас зиёд карда, барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалтиятноки иқтисоди миллӣ ба монанди саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тағйирёбии иқлим, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода намудани мутахассисони кишвар дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ мусоидат намоянд.”

Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи бунёди метро дар шаҳри Душанбе матраҳ гардида ва аз ҳайати Кореяи Ҷанубӣ хоста шуда, ки “рӯзи оғози гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии ин лоиҳа аз ду соли пешнибинигардида то ба як сол кӯтоҳ карда шавад.”

Дар назар аст, Кореяи Ҷанубӣ дар лоиҳаҳои сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ-Панҷи поён ва қитъаи роҳи оҳан аз хати роҳи оҳани Кӯлоб то минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб маблағгузорӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Барқи офтобӣ барои 64 ҳазор аҳолии Бадахшон: “лимит” аз байн меравад?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.

Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.

Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард

Тоҷикистон дар таърихи худ бори аввал номзадияшро ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Бехатарии СММ барои солҳои 2028–2029 пешниҳод кард.

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.