Истифода аз телефонҳои ҳушманд дар Панҷшер мамнуъ шуд

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Толибон истифода аз телефонҳои ҳушманд дар вилояти Панҷшерро барои масъулин ва мардум мамнуъ кардаанд.

Бино ба иттилои”Аҷам Нюс“, “Мавлӣ Муҳаммад Муҳсин Ҳошимӣ, волии Толибон дар Панҷшер ба ҳамаи кормандони идораҳои мулкӣ ва низомии ин вилоят дастур додааст, ки аз телефонҳои ҳушманд истифода накунанд.”

Ба қавли манбаъ, дар як навори савтие, ки аз ӯ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ҳама “смартфон”-ҳои худро дар хона бимонанд ва дар кӯчаву бозорҳо бо худ нагардонанд ва агар дар берун аз хона дар дасти касе телефони ҳушманд дида шавад, онро мусодира мекунанд.

Нашри ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум ба вокунишҳои мухталифе рӯбарӯ шудааст ва аксари онҳое, ки назар додаанд, мегӯянд, ки ҳадафи асосӣ аз манъи бо худ гардондани телефонҳои ҳушманд пешгирӣ аз забту сабти ҷурму ҷиноятҳои Толибон аст, ки дар ин вилоят алайҳи мардум анҷом медиҳанд.

Инчунин гуфта мешавад, ки тайи ду рӯзи ахир ва баъд аз паҳн шудани ин навори савтии мансуб ба волии Панҷшер Толибон дар чанд мавриди телефонҳои ҳушманди мардумро дар кӯчаву хиёбонҳо аз дасти онҳо мусодира кардаанд ва ҳолатҳое низ вуҷуд дошта, ки “смартфонҳо”-ро аз дасти сокинон гирифта, шикастаанд.

Гуфта мешавад, Толибон дар давоми 14 моҳи ҳукмронии худ дар Афғонистон се маротиба волии Панҷшерро иваз карданд ва чун ин вилоят хезишгоҳи асосии нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд аст, фишору шиканҷаи мардум низ ба далелҳои мухталиф дар он ҷо зиёдтар сурат мегирад. Ба ҳамин хотир Толибон намехоҳанд, ки ин ҳама қонуншинкании онҳо ҳамчун санд сабт ва забт шуда, ба ҷаҳониён нишон дода шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

НИТ мегӯяд, тағйири ном ва рамзи он ба мавқеи ҳаракат таъсир намерасонад

Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ) ҷузъиёти тағйирот дар ном, рамзҳо ва сохтори дохилии худро дар як суҳбати хусусӣ шарҳ дод.

Садҳо қурбонӣ бар асари фурӯрезии пирях дар марзи Непалу Чин

Фурӯрезии як пирях дар кӯҳҳои Ҳимолой дар марзи Непал ва Чин селоби азимеро ба вуҷуд оварда, ба яке аз марговартарин офатҳои табиии солҳои охир дар минтақа табдил ёфт.

Ҷонибдори ҳукумат бо гумони 931 мавриди қаллобӣ боздошт шуд

Оятулло Гиляев, ки яке аз ҳомиёни ашадди ҳукумати Тоҷикистон буд, бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми бузург боздошт шуд.

Толибон дар корхонаи панири Беларус: чаро аксҳои сафари ҳайат пок шуданд?

Ҳайате аз намояндагони Толибони Афғонистон ба Белорус сафар карданд, аммо аксҳои боздиди онҳо аз расонаҳо пок карда шудааст.