Лаҳистон режими Русияро террористӣ эътироф кард

Рӯзи чоршанбе, 26-уми октябр вакилони парлумони Лаҳистон дар бораи Федератсияи Русияро ҳамчун режими террористӣ шинохтан Қатънома қабул карданд.

Гуфта мешавад, вакилони парлумон таҷовузҳои Русияро шадидан маҳкум карда, аз тамоми кишварҳое, ки барояшон сулҳ, демократия ва ҳуқуқи башар муҳим аст, даъват карданд, ки режими Русияро хамчун режими террористӣ эътироф кунанд.

Вакилони парлумони Лаҳистон мегӯянд, 24 феврали соли 2022 нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба Украина ҳамлаи низомӣ карданд, ки ҳадаф аз он нест кардани як кишвари соҳибихтиёр аз харита ва нобуд сохтани миллати Украина мебошад.

Инчунин гуфта мешавад, ки вакилон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб карданд, ки омилони қатлҳои ваҳшиёна дар бузургшаҳрҳои Украина мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор гирифта, омилон онҳо муҷозот шаванд.

Ҳамзамон дар қатънома масъалаи бештар кардани кумакҳои низомӣ ва башардӯстона ба Украина таъкид шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта пеш низ Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо қатъномаеро барои ҳимоят аз Украина ва шинохтани Федератсияи Русия ба унвони режими террористӣ қабул кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп ва Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ИМА ва Эронро имзо карданд

Президенти Амрико Доналд Трамп ва президенти Эрон Масъуд Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ду кишварро имзо кардаанд.

Амрико ва Эрон дар остонаи имзои созишнома 14-бандӣ

Қарор аст Амриок ва Эрон 19-уми июни соли ҷорӣ дар Швейтсария як ёддошти тафоҳуми 14-бандиро имзо кунанд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои рӯзҳои аввали Ҷоми ҷаҳонии 2026

Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 идома доранд ва аллакай чанд натиҷаи ҷолибу ғайричашмдошт сабт шудааст.

ФАВРӢ! Алишер Мирзонаботов ба дарё сарозер шуду ҷон бохт

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамроҳ бо аъзои хонавода ва ронандааш дар ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шуда, мошин ба дарё сарозер шудааст.