18,6 соли зиндон барои куштани хушдоман

Додгоҳи вилояти Хатлон сокини деҳаи ҷамоати деҳоти Ғалаободи ноҳияи Хуросон Бегматова Миҷгонаро бо иттиҳоми куштани хушдоманаш ба 18 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Акс аз гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон

Тавре Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда 2-уми майи соли 2022 бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ ва баҳсу ҷанҷолҳои бардавом бо хушдоманаш Бобокалонова Гулбаҳор, ӯро шаб дар ҷойгаҳи хобаш бо курпа буғӣ карда мекушад.

Гуфта мешавад, дар ин ҷиноят Бегматова танҳо набуда, ӯро дугонааш Нурмаҳмадзода Мадина, як ҳамсояаашон будааст, низ ҳамроҳӣ кардааст.

“Баъд аз содир кардани куштори Бобокалонова Г.А., Бегматова М.С. бо Нурмаҳмадзода М. ба ҳуҷраи дигари хушдоманаш, ки дараш қулф буд, тариқи тиреза ворид шуда, аз дохили он маблағи 220 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” бо арзиши 250 сомонӣ, як ҷуфт пойафзоли занона бо арзиши 25 сомонӣ, ва 2 ҷуфт куртаю поҷомаи Бобокалонова Г.А.-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.”, омадааст дар хабар.

Додситони ноҳияи Хуросон нисбати Бегматова бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з” ва 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард ва Додгоҳи вилояти Хатлон охири моҳи сентябр ӯро ба 18 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт.

Додгоҳ ҳамчунин дугонаи ӯ Нурмаҳмадзодаро бо ҳамин моддаҳо (104 қисми 2 бандҳои “е, з” ва 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста, ба муддати 17 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт.

Назари наздикон ва вакилони дифои маҳкумшудаҳо то ҳол маълум нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.