Дар Душанбе ду эстакадаи дигар сохта мешавад

Дар Душанбе боз ду эстакадаи нав дар хиёбони Саъдӣ Шерозии назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон сохта шавад, вале кай кори он расман оғоз мешавад, маълум нест.

Акс аз Интернет

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе хабар дод, ки баррасии ин лоиҳа оғоз шудааст, вале “масъалаҳои муайян кардани манбаъҳои маблағузории он идома доранд.”

Гуфта мешавад, эстакадаи мазкур бо ҳадаф бартараф кардани “танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт” бунёд мешавад.

Ба иттилои манбаъ, “бунёди эстакадаи сесатҳа дар хиёбони Саъдӣ Шерозии назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шуда, дар доираи он навсозии роҳҳо аз буриши хиёбони С. Шерозӣ то буриши кӯчаи Қаҳҳоров дар назар аст.”

Дар пойтахти Тоҷикистон то имрӯз ду роҳи сетабақа вуҷуд дорад. Ба иттилои манбаъ, муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов гуфта, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2025 дар пойтахт 20 адад чорроҳаҳои сетабақа дар пойтахт сохта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.