Тошиев: Мо бо Тоҷикистон забон ёфта истодаем

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи шанбе, 19-уми ноябр гуфт, ки аллакай бо ҷониби Тоҷикистон дар мавриди баҳсҳои марзӣ ба баъзе тавофуқот даст ёфтаанд.

Ба гузориши расонаҳои қирғизӣ, раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҷузъиёти сафараш ба Тоҷикистон ва чӣ гуна пеш рафтани раванди музокироти ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории нуқтаҳои баҳсбарангези марзи давлатӣ гуфтааст.

Тошиев раванди музокирот бо ҷониби Тоҷикистонро “хуб” арзёбӣ карда, мегӯяд, ки дар дидори ахираш бо намояндагони тоҷикистонӣ дар Душанбе ба баъзе масъалаҳое тавофуқ ҳосил шуда, ки қаблан мушкил буд.

“Мо кӯшиш дорем, ки масъаларо ҳал кунем. Агар пештар мо ин корро карда наметавонистему хама дар мавқеи худ истодагарӣ мекард ва таслим намешуд, акнун мо барои ҳалли масъалаҳо забон ёфта истодаем. Ҳоло ба гузашт кардан омодаем. Мо ба онҳо пешниҳод мекунем, ки шумо ин заминро гиред ва мо онро мегирем.”, – мегӯяд Тошиев.

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки дар ояндаи наздик аз Тоҷикистон як ҳайати бузурги корӣ ба Қирғизистон мераванд.

Раиси КДАМ-и Қирғизистон мегӯяд, ки пас аз омадани ҳайати Тоҷикистон созишномаҳоро имзо мекунанд ва сипас он дар “Жогорку Кенеш” (парлумони Қирғизстон) баррасӣ мешаваду дар ниҳоят президентҳо онро имзо хоҳанд кард.

Ёдовра мешавем, ки чанде пеш президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ гуфта буд, ки дар бораи Чоркӯча байни кишварҳо созишномае ба имзо расидааст.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон аз ҷузъиёти гуфтушуниди ахири ҳайатҳои кории ду кишвар дар мавриди баҳсҳои марзӣ чизе ба хабарнигорон шарҳ надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

То 46 дараҷа гармӣ ва хатари сел: Тоҷикистон аз мавҷи гармо ҳушдор дод

Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз...

Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканиҳо дар зиндонҳо изҳори нигаронӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншикании баъзе кормандони Сарраёсати...

Дар Русия 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳти назорат қарор доранд

Ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати шахсони таҳти...

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар ТоҷикистонИқтисоди...