Русия аз УЕФА ба КФО гузаштанист

Федератсияи футболи Русия (ФФР) масъалаи тарк кардани УЕФА ва пайвастан ба КФО-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Кумитаи иҷрои Федератсияи футбооли Русия ба қасди пайвастан ба Конфедератсияи футболи Осиё қасд дорад масъалаи хориҷ шудан аз Созмони футболи Аврупо (УЕФА)-ро дар ҷаласаи навбатии худ баррасӣ кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, дирӯз, 27-уми ноябри соли 2022 Александр Дюков, раиси кумитаи иҷроияи ФФР дар суҳбат ба расонаҳо гуфт, “Кумитаи иҷроияи Федератсия футболи Русия масъалаи гузаштан ба Конфедератсияи футболи Осиёро дар ҷаласаи навбатии худ баррасӣ хоҳад кард.”

Панҷшанбеи 1-уми декбари соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Русия баргузор мешавад ва қарор аст дар ин ҷаласа мавзӯи хориҷ шудан низ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина кишварҳои зиёде, бахусус кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ин ҳамлаҳои хунини Кримлен алайҳи Киевро маҳкум карда, то тавонистанд алайҳи Маскав таҳримҳои зиёдеро ҷорӣ карданд. Созмони Футболи Аврупо ҳам дастаҳои футболи Русияро аз ин созмон хориҷ кард, вале бо ин вуҷуд то ҳол ин кишварро узви хонаводаи Аврупо медонад.

Ҷорӣ шудани ин бастаҳои таҳримҳо ва дар инзиво қарор гирифтани Русия ба соҳаи варзиш, аз он ҷумла футболи он кишвар ҳам таъсири худро расонид. Ба ҳамин хотир Кумитаи иҷроияи Федератсия Футболи Русия қасд дорад бо пайвастан ба Конфедератсияи Футболи Русия дубора ба ФИФА боз гардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...