32.9 C
Dushanbe

Ваъдаи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Мариуполи Украина

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд, бо ваъдаи маоши зиёд ба шаҳри бандарии Мариуполи Украина бурда шуда, вале бо гузашти моҳҳо нисфи маоши ваъдакардашударо нагирифтаанд.

Тавре Радиои Озодӣ дар як гузориши худ хабар дод, ширкатҳои кортаъминкунанда дар Русия чанд моҳи пеш бо ваъдаи 120 ҳазор рубли русӣ дар як моҳ барои кор дар биноҳои вайрона шуморе аз шаҳрвнадони Тоҷикистонро ба шаҳри бандарии Мариуполи Украина, ки аз ҷониби Русия ғасб шудааст, бурданд.

Муҳоҷирон дар наворҳои фиристодаи худ шикоят мекунанд, ки корфармоён дар аввал 120 ҳазор рубл бо таъмини ҷои хобу се вақт хӯрок дар як моҳ ваъда карданд, аммо бо гузашти 2-3 моҳ то ҳол аз маош хабаре нест. Онҳо бо нигаронӣ мегӯянд, бар иловаи надодани маблағ боз маошҳоро аз 120 ҳазор рубли ваъдакардаашон ба 60 ҳазор поин карданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ сафари муҳоҷирони тоҷик ба ин минтақаи ҷангиро ғайриқонунӣ дониста, мегӯяд: “Мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ онҳо дар ҷое қарор доранд, ки бе иҷозаи Украина ҳаққи вуруд ба онро надоранд. Ин замин, замини Украина дониста мешавад ва бе иҷозаи ин кишвар вориди он шудан ҷавобгарӣ дорад. Агар онҳо дар онҷо асир гирифта шаванд, тибқи қонунҳои Украина ва байналмилалӣ ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Онҳо мисли сарбозон асир ҳисоб намешаванд.

Аммо то ҳол сафорати Тоҷикистон дар бораи сафари шаҳрвнадони Тоҷикистон ба ин минтақаи ҷангӣ изҳороте надодааст.

Ёдовар мешавем, ки Русия дар моҳҳои марти соли ҷорӣ бо ҳамлаҳои шадид ин шаҳри бандарии Украинаро бомборон кард ва пас аз чанде онро ба ишғоли худ даровард. Киев иддао дорад, ҳар ваҷаб замини Украинаро, ки Русия ишғол кардааст, онро пас мегардонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.

Дар Русия мехоҳанд шумори имтиҳони такрорӣ барои муҳоҷирон маҳдуд шавад

Вакилони Думаи давлатии Русия масъалаи кам кардани шумори такроран супоридани имтиҳони забони русиро барои муҳоҷирон баррасӣ карданд.

Оё Тоҷикистон ба хатти форсӣ бармегардад?

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи Ҳукумат ба масъулони соҳаи маориф супориш додааст, ки сифати таълими "алифбои ниёгон"-ро дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар кунанд.

Семент дар бозорҳо камёб шудаст. Нархи хонаҳо ҳам гарон мешавад?

Чандест дар бозорҳои кишвар муҳимтарин маводи сохтмонӣ - семент камёб шуда, нархи он ҳам назар ба моҳҳои пеш хеле гарон шудааст.