23.9 C
Dushanbe

Барои рушди иқтисоди воқеӣ $1,2 миллиард ҷудо мегардад

Барои рушди иқтисоди воқеии Тоҷикистон дар соли 2023 беш аз 12,6 миллиард сомонӣ  (беш аз 1,2 миллиард доллар) ҷудо карда мешавад. Дар ин бора Avesta.tj дар истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ин маблағ ба 9,8 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар буда, он дар тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли 2023 пешбинӣ шудааст.

Зиёда аз 6 миллиард сомонии ин маблағ ба рушди бахши сӯзишворию соҳаи энержӣ равона карда мешавад. Вазифаи аввалиндараҷаи саноат аз таъмини маблағ ба сохтмон ва азнавсозии пойгоҳҳои барқи-обии кишвар мебошад.

Рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар соли 2023 дар сатҳи 7,8 дарсад пешбинӣ шуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тибқи дурнамо 127 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Даромади буҷаи давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъхои даромад 37 миллиарду 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, хароҷот 1 миллиард сомонӣ бештар аз даромад, яъне 38,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корманди шабакаи барқ дар Данғара бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Дар ноҳияи Данғара як корманди Шабакаи тақсимоти барқ бо гумони фиреб ва расондани зарар ба аҳолӣ дастгир карда шуд.

Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Русия бо ҷурми қочоқи зиёди маводи мухаддир

Дар вилояти Сахалини Русия як шаҳрванди 55-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми талоши фурӯши маводи мухаддир боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 24-уми май хабар дод, ки нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат пурра иҷро шудааст.

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.