Толибон фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳоро дар Афғонистон мамнуъ кард

Идораи истихбороти Толибон дар Афғонистон бо судури фармоне ҳар гуна фаъолияти сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои мавҷударо дар ин кишвар қатъиян мамнуъ эълон кард.

Толибон мегӯяд, ҳоло дар Афғонистон низоми шариат ҷорӣ аст ва ба вуҷуди ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ, ки мақсади онҳо низ паҳн кардани андешаҳо ва таъоимоти исломӣ аст, ниёзе нест.

Гуфта мешавад, идораи истихбороти Толибон ба тамоми волиёни вилоятҳои Афғонистон дастур дода, ки пеши роҳи ҳар гуна фаъолиятҳои сиёсиро бигиранд, аз ҷумла фаъолияти Ҳизби таҳрир, Ҷамъияти ислоҳи Афғонистон ва ниҳоди Наҷмро қатъ кунанд.

Дар фармони идораи истихбороти Толибон, ки матни он ба дасти “Independent” расида ва ин расона онро нашр кард, чунин омадааст:

“Чунин огоҳӣ дода мешавад, ки баъд аз торихи душанбе тибқи ҳидояти раҳбари Раёсати умумии истихбороти Иморати исломии Афғонистон, ҳар гуна фаъолиятҳои сиёсии аҳзоб ва ниҳодҳҳое монанди Ҳизб-ут-таҳрир, Ҷамъияти ислоҳ, ниҳоди Наҷм ва гурӯҳҳои такфирӣ мутлақан мамнуъ аст.”

Ҳамчунин истихбороти Толибон дар ин фармони худ таъкид мекунад, ки “феълан низоми шаръии Иморати исломӣ таҳти раҳбарии уламои ҳақпараст мавҷуд аст ва ниёз ба фаъолияти ҳеч ҳизбу ҷамоати дигаре нест.”

Гуфта мешавад, гарчанде дар фармони Толибон фаъолиятҳои сиёсӣ ба таври умум мамнуъ эълон шуда бошад ҳам, аммо ба вежа аз ин се ҳизбу ҷамъияте ном гирифта шудааст, ки бо вуҷуди омадани Толибон ба сари қудрат онҳо каму беш фаъолият мекарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд

Дар Лахш як ҷавон бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш як сокини 26-солаи ноҳияро бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Мақомот аз ӯ Маҳмадшарифзода Б. ном бурдааст.

Даргириҳо дар Яман: ҳар ду тараф аз пешрафт дар ҷабҳаҳо хабар медиҳанд

Даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати эътирофшудаи Яман ва ҷунбиши Ҳусиҳо дар чанд минтақаи ин кишвар идома дорад.

“Бедор мешавем!”: Рейди беш аз 500 муҳоҷир дар ҷойи хоб

Пулиси Русия субҳи барвақти 5-уми октябр дар чаҳор сохтмон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург рейд гузаронида, муҳоҷирони зиёдеро дастгир кардааст.