33.9 C
Dushanbe

Аҳмад Масъуд дар табъид ҳукумат ташкил медиҳад?

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон зимни нашри изҳороте аз ҷонибдории худ барои ташкили ҳукумат дар табъид хабар дод.

Раҳбари ҶММ 10-уми сентябр дар мусоҳиба бо расонаи “Responsible Statecraft” дар ин маврид ибрози назар кард. Ӯ дар мавриди ин ки чаро вақтҳои охир муборизааш камранг шудааст, гуфт, ки аз мубориза алайҳи Толибон даст накашидааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам аз пуштибонии муқовимат набояд даст бикашад. 

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки мехоҳанд барои пирӯзии муқовимат алайҳи Толибон дар хориҷ аз кишвар ҳукумат ташкил бидиҳанд. Масъуд таъкид кард, ки ҳоло “Ба самти ташкили ҳукумат дар табъид ҳаракат мекунем”.

Ба гуфтаи раҳбари ҶММ, эҷоди ҳукумат дар табъид ниёз ба иттиҳоди густарда ва ҳузури ҳамаи гурӯҳҳои мухолиф дорад. Он чи ки ба гуфтаи Аҳмад Масъуд, гурӯҳҳои мухолифи Толибон ҳанӯз аз дастёбӣ ба он дур ҳастанд.

Пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон бори аввал аст, ки яке аз чеҳраҳои мухолифи ин гурӯҳ дар мавриди эҷоди ҳукумат дар табъид сухан мегӯяд.

Ба назари коршиносон, гурӯҳҳои мухолифи Толибон ба хотири вуҷуди ақвому қабоили гуногун дар байнашон шонси эҷоди ҳукумат дар табъидро доранд, вале чизе ки намерасад барои ин кор, адами иттиҳод ва ҳамбастагии онҳост.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.