25.9 C
Dushanbe

Абдулҳамиди Хуросонӣ, фармондеҳи тоҷиктабори Толибон боздошт шуд

Абдулҳамид Хуросонӣ, яке аз фармондеҳони ҷанҷолии тоҷикбарои Толибон халъи силоҳ шуда ва сипас бо фармони махсус боздошт шудааст.

Дар ин бора рӯзи 29-уми август хабаргузории “Омоҷ Ниюз” аз манобеи худ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Хуросонӣ маҳз бо дастури Мулло Ҳасан Охунд, раисиулвузарои ҳукумати Толибон ва тавассути нерӯҳои Камиссияи низомӣ боздошт гардид.

Гуфта мешавад, ҳамакнун ин фармондеҳи Толибон дар зиндони Комиссияи низомии ин гурӯҳ қарор дорад ва афродаш халъи силоҳ шуда, тамоми таҷҳизоташ низ забт шудааст.

Манобеи Омоҷ гуфтаанд, “Абдулҳамид Хуросонӣ аз сӯи шабакаи Ҳаққонӣ ба қандаҳориҳо фурӯхта шуд.” Аммо гурӯҳи Толибон то ҳол ба таври расмӣ дар бораи боздошти ӯ чизе нагуфтаанд.

Боздошти Хуросонӣ дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки чанде пеш ӯ дар изҳороте давлати Эронро давлати “куфрӣ ва золим” хонда, мардумашро низ “мушрик” ва “бадтар аз яҳуду насоро” хитоб карда буд.

Ин фармондеҳи тоҷиктабори Толибон дар гузашта борҳо бо изҳороти тунду тезаш дар мавзуоти гуногун дар титри расонаҳо қарор гирифтааст. Ӯ боре бо нашри як навор аз худи ҳукумати Толибон, бахусус фармондеҳони низомияш шадидан интиқод карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.