Абдулқодирзода: Кабирӣ эълони ҷанг кардааст, ҳушёр бошед!

Имрӯз, 20-уми май Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳангоми хутбаи намози ҷумъа гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ эълони ҷанг кардааст ва мардум бояд ҳушёр бошанд.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон имрӯз ба намозгузорон гуфта, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар дохили кишвар ҷиноҳи низомӣ ташкил кардааст ва мехоҳад вазъро ноором кунад.

Иттиҳоми Абдулқодирзода алайҳи Муҳиддин Кабирӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ӯ худ дар суҳбат бо Azda.tv ва баъдан дар Радиои Озодӣ ташкили ҷиноҳи низомӣ дар дохили кишварро рад карда буд.

Аммо гуфт, ки фишору таъқибҳои мақомоти кишвар болои сокинони осоишта, мардумро ба чунин хулоса расондааст, ки барои сохтани як ҷомеаи демократии озод, ин режимро танҳо бо қувваи силоҳ мешавад аз қудрат канор зад.

Хабари ташкили ҷиноҳи низомии мухолифони тоҷикро 6-уми май Андрей Серенко, журналисти рус дар телеграм-канали худ нашр карда буд.

Ин рӯзноманигори рус дар хабараш аз ҳеч гурӯҳи мухолифине мушаххас ном набурдааст, аммо бо такя ба манбааш бо номи “Умар”, ки худро намояндаи ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик гуфтааст, навишта, ки “тасмим дар бораи гузаштан ба усулҳои ҳарбӣ рӯзи 4-май аз ҷониби гурӯҳе аз ҷонибдорони мухолифин, ки бефоида ва нокифоя будани усулҳои танҳо сиёсии муборизаро дарк мекунанд, гирифта шуд”.

Баъди изҳороти Кабирӣ дар мавриди ин хабар дар доираҳои ҳукуматӣ ва ғайри он вокунишҳои гуногуне сурат гирифт.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.