Одиназода иттиҳоми “ифротгароӣ”-ро дар додгоҳ эътироф кард

Абдусалом Одиназода, олими биохимики 54-солаи тоҷик 1 августи соли 2022 дар додгоҳи ҳавзаи Австралияи Ғарбӣ иттиҳоми “ташвиқ ба ҳамлаҳои террористӣ”-ро эътироф кардааст.

Дар ин бора сомонаи маҳаллии “The West Australian” хабар медиҳад. Гуфта мешавад, бо эътирофи ин иттиҳом ин олими тоҷикро то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин пойгоҳи хабарӣ Абдусалом Одиназодаро “яке аз хатарноктарин одамон дар аёлати Австралияи Ғарбӣ” номида ва хабар дода, ки намояндаи додситонӣ ба додгоҳ гуфтааст, дар ивази ин эътирофи гуноҳ ҳайати тафтишот ду иттиҳоми дигари марбут ба терроризмро аз парвандаи Одиназода бардоштанд.

Эътирофи гуноҳ имкон медиҳад, ки парвандаи олими тоҷик ба сурати сареътар баррасӣ шавад. Ва интизор меравад, ҳукми Одиназода то поёни моҳи ҷорӣ эълон шавад. Ба ӯ бар асоси қонунҳои Австралия то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мақомоти Австралия аз моҳи феврали соли 2020 дар пайи ошкор кардани сабтҳои видеоии ӯ бо мазмуни “ташвиқ ба ҳамлаҳои террористӣ ва ифротӣ дар Тоҷикистон” оғоз карданд. Моҳи апрели соли 2020 пулис манзили ӯро дар шаҳри Перт дар ғарби Австралия кофтукоб карда, чанд василаи электронии ӯро мусодира кард. Манзили Одиназода бори дигар рӯзи 22 декабр, дар пайи ҳабси ӯ мавриди кофтукоб қарор гирифт.

, ки аз поёни соли 2020 дар ҳабс қарор дорад, рӯзи 1 августи соли 2022 дар додгоҳи ҳавзаи Австралияи Ғарбӣ иттиҳоми даъватҳо ба ҳамлаҳои ифротиро ба гардан гирифт.

Абдусалом Одиназода 22 декабри соли 2020 пас аз тафтишоти чандмоҳа аз ҷониби полиси федеролии Австралия (AFP) ва Созмони иктишофи амнияти Австралия (ASIO) боздошт шуд.

Худи ҳамон сол расонаҳои австралиёӣ хабар дода буданд, ки додгоҳи ин кишвар бар зидди Одиназода бо 4 моддаи ҷиноии “таблиғи терроризм” айб эълон кардааст.

Одиназода дар асл зодаи ҷамоати Сурхи Исфараи Тоҷикистон буда, дар Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор кардааст. Ӯ ҳамчунин соли 2015 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон низ ба шогирдон дарс гуфтааст.

Одиназода аз донишмандони муваффақи соҳаи биохимик буда, дар ин ришта таҳқиқоти зиёде дорад, ки дар чандин сомонаҳои расмӣ ва маҷаллаҳои муътабар ба нашр расидаанд.

Ин донишманди тоҷик то рӯзи боздошташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва ҳамеша аз амалкарди ҳукумат ва мухолифон интиқод мекард. Ӯ вақтҳои охир бо пайравони мазҳаби Исмоилия баҳсҳои гармеро оғоз карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.