32.9 C
Dushanbe

“Облава” оғоз шуд. Рабудани як ҷавон дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби Комиссарияти ҳарбии ин шаҳр

Як сокини шаҳри Ҳисор бо ирсоли навор ба идораи “Аздо тв” хабар дод, ки дар шаҳри Ҳисор аз ҳоло маъракаи зуран ҷалб намудани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ё худ “облава” оғоз шудааст.

Ин сокин мегӯяд, имрӯз 02. 10. 2020 дар маркази шаҳри Ҳисор назди бинои “Хуросон”, ки дар қабати шоҳроҳи Душанде – Турсунзода ҷойгир аст, як нуқтаи таъмири мошинҳо фаъолият мекунад, ки дар он таъмиргоҳ як ҷавон бо номи Алиҷон соли таваллудаш 2000 оиладор, ҳамчун устои мошинҳо кор мекардааст, имрӯз кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор омада ин ҷавонро зуран бо худ бурдаанд. Шоҳидон мегӯянд, ин ҷавон бо вуҷуди он ки асноди лозимаро барои хидмат накардан дар сафи қувваҳои мусаллаҳ доштааст, ба он нигоҳ накарда зуран ба мошин савор карда бурданд.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ба шакли иҷборӣ яке аз мушкилоти умдаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин раванд баъд аз оғози ҷангҳои дохилӣ солҳои 92 асри гузашта оғоз ёфт. То ҳол борҳо ин мавзӯъ дар доираҳои гуногун, ҳатто дар ҳузури худи раисҷумҳур баҳсу баррасӣ шудааст, аммо то ҳол ҳал ношуда боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки дар мавсимҳои гузашта расонаҳои Тоҷикистон аз қонуншикании кормандони Комиссариатҳои ҳарбӣ зимни ҷалби наваскарон гузориш дода буданд. Дар яке аз гузоришҳо гуфта мешуд, дар шаҳри Исфара волидон шикоят кардаанд, ки Мақомот болояшон фишор овардаанд, то фарзандонашонро аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргардонанду ба хидмати ҳарбӣ равон кунанд.

Агар намеоянд, бояд пул пардохт кунанд. Ба ҳамин монанд аз чанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ гузоришҳо нашр шуда буд. Аммо Мақомот ҳамеша рад мекунанд, ки дар ин росто қонуншиканӣ накардаанд ва таъкид мекунанд, ки танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ барои зарурати анҷоми хидмати ҳарбӣ дар байни ҷавонон мегузаронанд.

Хабарҳои зуран тавассути “Облава” рабудани ҷавонон аз бозору кӯчаҳо ва лату кӯб шудани наваскарон аз ҷониби ҳамхидматонашон, ҳатто ба марг оварда расондани онҳо зиёд нашр мешавад. Ба гуфтаи коршиносон ин ва дигар омилҳо сабаб шудааст, ки мардум намехоҳанд фарзандонашонро ба хидмати ҳарбӣ фиристанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ танҳо фарзандони ба қавле мардуми “сатҳҳои поёнӣ” ё мардуми оддӣ мераванд. То ҳол боре нашудааст, ки фарзанди як маснабдор ба хидмати ҳарбӣ рафта бошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.