13.9 C
Dushanbe

Саидмуҳаммади Ғозӣ ҳам дар зиндон бемор шудааст

Писари эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ дар зиндони шаҳри Хуҷанд бемор шуда, худаш ба танҳоӣ аз ҷояш хеста ва ҳаракат карда наметавонад.

Модари Саидмуҳаммади Ғозӣ, писари эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, писари 46-солааш дар зиндони шаҳри Хуҷанд сахт бемор шуда, аъзои баданаш варам карда, дуруст пешоб карда наметавонад.

Раҷабгул Мусулмонова, модари Саидмуҳаммади Ғозӣ дар робита ба бемории писараш мегӯяд: “Чанде пеш ҳамсараш ба дидани ӯ рафт. Ҳаракат карда наметавонад. Бо ёрии ду нафар овардаанд. Саидмуҳаммад гуфтааст, аҳволаш бад аст. Утоқи маҳбас сард. Аъзои баданаш варамида, ба сахтӣ пешоб мекунад,”

Ҳамзамон Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки мақарраш дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон аст, бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хостааст: “фавран ӯро озод кунанд, то бастагонаш битавонанд ӯро дармон кунанд ва ҳамчунин аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва дар кишвар хоҳиш мекунад, ба вазифаи инсонии худ амал кунанд ва аз ҳукумати Тоҷикистон дармони фаврии ин зиндонии сиёсиро, ки бе ҳеч гуноҳ ва айбе аз озодӣ маҳрум шудааст, талаб намоянд.”

Пеш аз нашр шудани ин хабари бемор шудани Саидмуҳаммади Ғозӣ Azda tv бо нашри ду матлаб дар бораи бемор шудани Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар зиндони шаҳри Ваҳдат ҳам хабар дода буд, ки вай бар асари як бемории эпидемӣ дар ин маҳбас ба кумо рафта, як рӯз пас ба ҳуш омадааст.

Инчунин расонаҳо хабар дода буданд, ки чор журналисти зиндонӣ, аз он ҷумла Завқибек Саидаминӣ, Абдуллоҳи Ғурбӣ, Далери Имомалӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ки тобистони соли ҷорӣ боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, ҳама аз вазъи бади саломатии худ ранҷ мебаранд.

Инчунин хабарҳои таъйид нашудае ба даст расида, ки вазъи саломатии журналисти куҳансол Муҳаммади Султон низ дар маҳбас хеле хуб нест. Ба ин хотир наздикону пайвандони онҳо хостори ба муолиҷаи фаврӣ фаро гирифтани онҳо гардида буданд.

Аммо бо вуҷуди нашри ин ҳама хабарҳо мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки идораи муассисаҳои ислоҳии кишварро ба уҳда доранд, на ба кумаку дармони беморон дар зиндонҳо дуруст расидагӣ мекунанд ва на ин қазияҳоро сари вақт шарҳ медиҳанд, то пайвандонашон ба онҳо дурву дармонро таҳия кунанд.

Гуфта мешавад, тобистони соли 2020 Муҳаммади Ғозӣ ҳамроҳ бо ду бародари дигараш яке пайи ҳам тавассути мақомоти кишвар боздошт ва сипас Саидмуҳаммад ва Саидҳасани Ғозӣ ба зиндон маҳкум шуданд.

Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ, падари Саидмуҳаммади Ғозӣ соли 2017 дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон рабуда шуд ва сипас ба 25 соли зиндон маҳкум гардид. Соли 2019 дар ошӯбе дар зиндони шаҳри Ваҳдат ба сурати бераҳмона ҳамроҳ бо чанд зиндонии дигар кушта шуданд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон барои нигоҳубини зиндониён солона ҳам аз давлат буҷа мегиранд ва ҳам рӯзона аз наздикону пайвандони зиндониён бо баҳонаҳои мухталиф ришваситонӣ мекунанд ва зиндонҳоро ба корхонаҳои тиҷоратӣ табдил додаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, яке аз сабабҳои афзоиши маргу мири зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон бепарвоӣ, хунукназарӣ ва қасдан ба хатари марг оварда расонидани аҳволи зиндониён аст, ки дар натиҷа дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 100 нафар аз зиндониёни кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.