25.9 C
Dushanbe

Афзоиши дархости паноҳандагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Латвия

Мақомоти Латвия мегӯянд, онҳое, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Тавре расонаҳои ин кишвар хабар медиҳанд, рӯзи чоршанбе, 23-юми октябр раиси Идораи шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати Латвия Майра Роузе ба хабарнигорон гуфта, ки “аз аввали соли ҷорӣ 710 дархости паноҳандагӣ ба қайд гирифта шуд.” Ӯ таъкид кард, ки “бахусус аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархостҳои зиёд ворид шудааст.

Майра Роузе аз он изҳори таҷҷуб карда, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шуморашон дар байни паноҳҷӯён зиёд аст, ҳамроҳ бо оилаҳояшон омадаанд.

Ин масъули муҳоҷирати Латвия нагуфта, ки шумори дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни паноҳҷӯён чӣ қадар аст. Вале мегӯяд, соли гузашта дар маҷмуъ ҳудуди 1600 паноҳҷӯ ба қайд гирифта шуда буд, аммо имсол шумори дархосткунандагон барои паноҳандагӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Ӯ гуфт, афзоиши шумори дархости паноҳандагӣ аз кишварҳои гуногун баёнгари он аст, дар ин кишварҳо ҳуқуқи башар поймол шуда, вазъи ҳуқуқи инсон дар онҳо ногувор аст.

Ба андешаи бархе таҳлилгарон тоҷик, аз як сӯ фишорҳои мақомоти Тоҷикистон болои шаҳрвандонаш бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва аз сӯи дигар, мушкилоти иқтисодӣ дар кишвар ва вазъи бади муҳоҷират дар Русия ин қишрро водор карда, ки барои зиндагӣ ва кор ба кишварҳои дур, аз ҷумла Амрико ва Аврупо муҳоҷират кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.