Афзоиши парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Агентии федеролии транспорти ҳавоии Русия эълом кардааст, ки теъдоди парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобро зиёдтар кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Агентии федеролии транспорти ҳавоии Русия (Росавиатсия) бо ворид кардани тағйирот дар масири парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар теъдоди парвозҳои ширкати ҳавоии Урал (Уральские авиалинии)-ро зиёдтар кардааст.

Бар асоси ин тағйирот парвозҳои ширкати “Уральские авиалинии” аз шаҳри Уфа ба Душанбе то 5 маротиба ва аз Уфа ба Кӯлоб то 7 маротиба дар як ҳафта илова карда шуданд.

Пеш аз ин ширкати “Уралские авиалинии”аз “Росавиатсия” хоста буд, ки теъдоди парвозҳо ба шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, ки ҳафтае 3 маротибаӣ анҷом мешуд, то 7 маротиба дар як ҳафта афзоиш диҳад.

Ин дар ҳолест, ки пас аз оғози ҳамлаҳои Русия дар 24-уми феврали соли 2022 алайҳи Украина ва дар натиҷа ҷорӣ шудани таҳримҳои зиёде алайҳи Маскав хеле аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз даромадҳои ҳангуфти худ, ки аз парвозҳо ба кишварҳои аврупоӣ ба даст меоваранд, маҳрум шуданд.

Аз сӯи дигар, аксари шаҳрвандони Русия низ дар ин вазъияти буҳронӣ барои мусофират ва хушгузаронии рухсатиҳои худ кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистонро интихоб мекунанд, зеро молу хидматрасониҳо дар ин кишварҳо нисбатан арзонтар мебошанд.

Гуфта мешавад, ширкатҳои дигари ҳавопаймоии Русия, аз он ҷумла ширкатҳои “Аэрофлот” ва “Победа“ низ хостори касби иҷозаи парвози мусофиркашонӣ ва боркашониро аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, аммо “Росавиатсия” бартариятро дар ин самт ба ширкати “Уралские авиалинии” додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бедарак шудани як фаъоли зодаи Бадахшон дар Олмон

19-уми октябри соли ҷорӣ, фаъоли зодаи Бадахшон Саидтаиб Саидмамудов дар Олмон боздошт шудааст ва бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.

Намоиши филми Эмомалӣ Раҳмон дар масҷидҳои ноҳияи Ванҷ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз намоиши филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» дар масҷидҳо, инчунин идораҳо ва муассисаҳои ноҳия хабар додаанд.

Русия далелҳои ихроҷи муҳоҷиронро аз 22 ба 45 маврид афзоиш медиҳад

Аз 3-юми ноябр дар Русия қонуни наве мавриди иҷро қарор мегирад, ки шумори моддаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунанд, аз 22 ба 45 мерасонад.

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…