Аз 3-юми ноябр дар Русия қонуни наве мавриди иҷро қарор мегирад, ки шумори моддаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунанд, аз 22 ба 45 мерасонад.
Ба гузориши расонаи русии “Ведомости”, тағйирот бар асоси қонуни федералии №294-ФЗ, ки Владимир Путин 4-уми августи соли 2026 имзо карда буд, амалӣ мешавад. Қонун феҳристи ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ки метавонанд боиси ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия шаванд, нисбат ба қаблӣ як баробар афзоиш додааст.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, 31-уми октябр эълон кард, ки қаблан ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ барои нақзи 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд, аммо акнун ин шумора ба 45 модда мерасад.
Тибқи қонуни нав, хориҷиён метавонанд барои сарпечӣ аз талаботи қонунии кормандони пулис ё марзбонон, майдаавбошӣ, нақзи қоидаҳои баргузории гирдиҳамоиҳо ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои дар Русия номатлуб эълоншуда аз кишвар ихроҷ шаванд.
Ҳамчунин даъват ба ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия, даъват ба нақзи тамомияти арзии ин кишвар, барангехтани адовату бадбинӣ, намоиши рамзҳои мамнуъ ва амалҳое, ки мақомоти Русия онҳоро “бадномсозии нерӯҳои мусаллаҳ” медонанд, метавонанд сабаби ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ гарданд.
Гуфта мешавад, қонуни мазкур инчунин барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди пулис ё низомӣ ҷаримаи аз 2 то 4 ҳазор рубл ва ихроҷ пешбинӣ мекунад. Барои нақзи қоидаҳои баргузории чорабиниҳои оммавӣ ё иштирок дар гирдиҳамоии бидуни иҷозат бошад, ҷарима аз 30 то 50 ҳазор рубл ҳамроҳ бо ихроҷ карданро пешбинӣ мекунад.
Қонуни нав ҳамчунин ҷаримаҳоро барои нақзи қоидаҳои вуруд ва иқомат, инчунин фаъолияти кории бидуни иҷозат афзоиш медиҳад. Маблағи ҷарима барои ин ҳуқуқвайронкуниҳо аз 2–5 ҳазор ба 4–7 ҳазор рубл ва дар Маскаву Санкт-Петербург ва вилоятҳои атрофи онҳо аз 5–7 ҳазор ба 7–9 ҳазор рубл боло меравад.
Ин тағйирот дар ҳолест, ки шумораи хориҷиёни маҷбуран ихроҷшуда аз Русия низ афзоиш ёфтааст. Ба навиштаи “Ведомости”, Дмитрий Аристов, раҳбари Хадамоти федералии иҷрочиёни додгоҳиии Русия, 1-уми ноябр хабар додааст, ки дар нуҳ моҳи соли 2026 аз ин кишвар 63,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд маҷбуран ихроҷ шудаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар бештар аст.
Русия яке аз самтҳои асосии муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад. Солҳои охир мақомоти ин кишвар пайваста қонунҳои сахтеро барои кор ва будубоши муҳоҷирон қабул мекунанд. Акнун бо афзоиши далелҳои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ метавонад хатари аз даст додани ҳаққи иқомат ва корро, бахусус барои муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бештар кунад.
