27.9 C
Dushanbe

Афзоиши сармоягузориҳои Кореаи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон

19-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода бо муовини вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ли Сон Хо мулоқот кард.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод, ин нишаст дар ҳошияи чаҳорумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор шуд.

Зимни мулоқот Вазир Завқизода гуфтааст, ки ҳарчанд тиҷорати дуҷониба дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст, аммо бо назардошти доираи васеи муносибатҳои ду кишвар ҳаҷми он қонеъ кунанда нест. Аммо ягон оморе оварда нашудааст.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот пешниҳод карда шудааст, ки бо ҷалби сармоягузории Корея корхонаҳои муштараки саноатӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, алюминий, электрикӣ ва хӯрокворӣ бо истифода аз иқтидорҳои мавҷудаи дуҷониба дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таъсис дода шаванд.

Ҷониби Корея гуфтааст, ки барои тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориро зиёд мекунад.

Ҳамчунин имрӯз 20-уми октябр Завқизода Завқӣ бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Маҷористон Петер Сиййарто мулоқот намуда, дар он дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва доруворӣ суҳбат кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.