27.9 C
Dushanbe

Афзоиши шумори Қурбониёни ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза

Субҳи рӯзи 28-уми май нерӯҳои исроилӣ урдугоҳҳои оварагон дар қисмати ғарбии шаҳри Рафаҳро ба шиддат бомборон карданд, ки дар натиҷа 16 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар маҷруҳ шудаст.

Ба иттилои расонаҳо, ин ҳамон минтақаест, ки аҳолии Ғазза аз дигар манотиқи ҷангзада ба онҷо паноҳ оварда буданд ва макони амн маҳсуб мешуд. Ҳамзамон расонаҳои маҳаллӣ аз кушта шудани даҳҳо нафари дигар дар минтақаҳои гуногуни Ғазза, ки субҳи имрӯз бомборон шуданд, хабар доданд.

Исроил шоми рӯзи якшанбе ин минтақаи серодамро бомборон кард, ки дар натиҷа хаймаҳоои оварагон оташ гирифтанд ва 45 нафар сӯхта ва кушта шуда, даҳҳо нафари захмӣ шуданд. Расонаҳои ҷаҳон ин ҳамларо “Қатлгоҳи оворагон” ном ниҳоданд.

Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ ба оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид (UNRWA) мегӯяд, ин бомборонҳои шадид дар ҳоле анҷом мешаванд, ки давоми се ҳафтаи ахир зиёда аз 1 миллион нафар аз ин минтақа ба манотиқи дигар фирор кардаанд.

Қарор аст рӯзи сешанбе Исроил тарҳи нави оташбас ва мубодилаи асиронро ба миёнҷигарон бисупорад. Дар ҳамин ҳол расонаҳои исроилӣ хабар медиҳанд, ки Бинёмин Натанёҳу, сарвазири ин кишвар дар пайи барҳам задани Ситоди ҷанг аст. Чанде пеш Бени Гантс, узви Шӯрои амният ва вазири дифои Исроил барои канор рафтан аз эътилофи ҳукумати Натанёҳу ба ӯ ҳушдор дода буд, ки дар ҳоли ба итмом нарасондани ҷанг то 8-уми июн истеъфо хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки давоми 235 рӯзи ҷанг дар Ғазза, мувофиқи иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, то кунун 36 ҳазору 100 нафар ва кушта шудаанд, ки аксари онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд ва ҳамчунин наздики 81 ҳазору 200 нафар захмӣ шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.