32.9 C
Dushanbe

Агар ба қабули Президент роҳ ёбам аз пулҷамъкуниҳои намояндагони ҷамоатҳо хоҳам гуфт

Сокинони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз он шикоят доранд, ки барои пешвози сафари Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо 20 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ кардаанд. Вале намояндагони ҷамоатҳои ноҳия гуфтаанд, ки аз мардуми оддӣ пул нагирифтаанд, балки аз соҳибони нуқтаҳои сӯзишворӣ, мағозаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои ободонӣ маблағ ҷамъ доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр ба маркази вилояти Хатлон рафт ва қарор аст аз ноҳияи Вахш ҳам дидан кунад.

Сокини деҳаи “Иттифоқ”-и ноҳияи Вахш Ҷумъагул Ашӯрова ба Радиои Озодӣ гуфтааст, чанд рӯз мешавад, ки намояндагони Ҷамоат омада 20 сомонӣ талаб доранд.

Ин зан мегӯяд: “Ман як шахси камбизоат ҳастам ва ҳашт фарзанд дорам. Ду фарзандам маъюбанд. Худамон ба пул эҳтиёҷ дорем. Аз заминҷунбии соли гузҳашта хонаҳоямон зарар дида буданд, бояд ҳукумати ноҳия ба мо кӯмак кунанд, на ин ки боз аз мардуми камбағал пул гиранд.”

Ин сокини Вахш мегӯяд, агар ба қабули Президент роҳ ёбад, дар  мавриди пулҷамховарии намояндагони ҷамоатҳо хоҳад гуфт.

Раиси  ҷамоати “Ваҳдат”-и ноҳияи Вахш Қосим Давлатов,  дар мавриди ҷамъовари маблағ ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Мо барои харидани гул маблағ ҷамъ кардем ва ин пулро аз нуқтаҳои фурӯши бензин, аз мағозаҳо ва аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъоварӣ намудем, аз мардум нагирифтем. Ин маблағ барои гулкорӣ кардани атрофи як фаввора дар майдон аст. Дигар аз куҷо мешавад пул ҷамъ кунем?”- гуфтааст, раиси ҷамоат.

Дар сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо аз сокинон маблағ ҷамъовардани намояндагони маҳаллӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ва ин ноҳия ҳам ки бошад истисно нест ва бори аввл ҳам нест, ки сокинон ҳангми сафарҳои Президент аз зургӯии мақомот ва пулҷамъкунию дигар мушкилот шикоят мекунанд. Қаблан сокинони ноҳияи кӯҳистони Масчоҳ низ шикоят карда буданд, ки аз онҳо барои меҳмондории намояндагони ҳукумат гушту биринҷ кардаанд.

Коршиносон борҳо ин пешвозгириҳоро интиқод кардаанд. Ба назари онҳо ин як хароҷоти зиёдатӣ ва тороҷи ҷайби мардум ва буҷаи кишвар аст, вале  дида мешавад, ки раисони вилояту ноҳияҳои кишвар ба хотири ба Президент писанд омадани пешвозашон корҳоеро ба роҳ мемонанд, ки  ғайр аз зарар ба касе фойдае нест.  

Дар ҷашни Наврӯз Раҷҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд аз картошка тарактор сохта буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди сарзанишу накӯҳиши сокинон қарор гирифта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.