14.9 C
Dushanbe

Алексей Навалний баъди як моҳи табобат аз беморхона мураххас шуд

Акс: instagram.com/navalny

Раҳбари шинохтаи мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний пас аз як моҳи ҷанг бо марг аз беморхонаи Шаритаи Берлин мураххас шуд. Олмон мегӯяд, ки вазъи умумии Навалний босуръат беҳтар мешавад. Дар ин бора хабаргузории олмонии “DW” иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, мунаққиди маъруфи президенти Русия Владимир Путин, Алексей Навалний рӯзи чоршанбеи 23 сентябр аз беморхонаи Шарита дар Берлин рухсатӣ шуд. Вай бар асари заҳролудшавии шадид 32 рӯз дар беморхона бистарӣ буд. Навалний ҳафтаҳо дар шӯъбаи эҳёгарӣ ё ICU-и бемористон дар ҳолати комаи сунъӣ қарор дошт.

Табибон гуфтанд, ки саломатии ӯ хеле беҳбуд ёфтааст ва ӯро аз беморхона мураххас карданд. Ба гуфтаи табибони олмонӣ бори дигар ба шакли пурра барқароршавии саломатии Навалний имконпазир аст. Аммо мегӯянд, дар хусуси таъсир ва оқибатҳои дарозмуддати заҳролудшавии ӯ ҳоло чизе гуфтан барвақт аст.

Ба навиштаи рӯзномаи фаронсавии “Le Monde”, президенти Русия Владимир Путин дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои фаронсавияш Эммануэл Макрон назарияи худкушии Навалнийро матраҳ кардааст.

Путин дар ин суҳбати худ гуфтааст, ки шояд Навалний бо заҳри навъи “Новичок” мехостааст худкушӣ кунад. Ӯ афзуда, ки Навланий эҳтимол дорад аз чанд роҳ бидуни дахолати кормандони давлатӣ ба ин заҳр даст ёфта бошад. Аз ҷумла чунин алоқаи эҳтимолӣ бо Латвия, яке аз кишварҳои истеҳсолкунандагони ин заҳр метавонад бошад.

Ба навиштаи “Le Monde” Макрон ҳамаи ин ҳадсу гумонҳоро қотеона рад кардааст.

Навалний рӯзи 20 август ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймои маҳаллӣ аз Томски Сибир ба Маскав беҳол шуда аз ҳуш рафт. Сипас ҳавопаймо ба шаҳри Омск нишасти изтирорӣ анҷом дод ва Навалний ба бемористони шаҳр интиқол ёфт.

22 август ӯро ба беморхонаи Шаритаи Олмон интиқол доданд. Баъдан якчанд озмоишгоҳҳои махсуси аврупоӣ тасдиқ карданд, ки ин сиёсатмадори рус бо як омили асабии мамнӯи байналмилалӣ аз гурӯҳи “Новичок” заҳролуд шудааст. Ба боварии дӯстону наздиконаш Навалний аз нӯшидани оби заҳролуд аз зарфи плостикӣ, ки дар дохили меҳмонхона буд, заҳролуд шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси боз як нафар барои фиристодани пул ба “Ислоҳ”

Дар Тоҷикистон боз як муҳоҷири собиқро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин маҳкум ба зиндон карданд.

Эҳтимоли азсаргирии ҳамлаи Амрико ба Эрон баррасӣ мешавад

Қарор аст рӯзи панҷшанбе, 30-ми апрел Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико нақшаи ҷадиди ҳамла ба Эронро, ки аз ҷониби низомиён пешниҳод мешавад, баррасӣ кунад.

Куштори даҳшатнок: дӯсташро кушт ва ҷасадашро пора кард

Дар ноҳияи Файзобод аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҳодисаи мудҳиши ҷинояти куштор ошкор гардид, ки ҷомеаро такон дод.

Президент музди командони IT-ро бештар мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо имзои фармоне маоши кормандони соҳаи технологияи IT-ро бештар карданист.