17.9 C
Dushanbe

Ҳамлаи талофиҷӯёнаи Эрон ба Исроил, натиҷа ва паёмадҳои он

Дар пасманзари амалиёти талофиҷӯёнаи Эрон ба Исроил ҳадсу гумонҳо дар бораи ин ки ин ҳамла чӣ натиҷа дод ва дар оянда чӣ паёмадҳое дошта метавонад, зиёд шудааст.

Ҷумҳурии исломӣ ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии худро ба Исроил амалиёти талофиҷӯёна ба ҳамлаи ин кишвар ба консулгарии Эрон дар Сурия, ки дар пайи он чанд тан аз низомиёни радаҳои болоияш кушта шуданд, унвон кардааст.

“NBC” аз қавли як масъули баландпояи кобинаи Натанёҳу хабар дод, ки Исроил чунин ҳуҷуми бузургеро, ки дар торихаш бори аввал рух медиҳад, бепосух нахоҳад гузошт, вале қарор барои анҷоми рад дар дасти Ситоди ҷанг аст ва ҳар вақтеро муносиб донад, қабул хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Туркия низ эълом дошт, ки қабл аз оғози ҳамлаи паҳподии Эрон ба Исроил паёмҳои Эрону Амрикоро ба ҳамдигар мерасонд ва талош карда, то посух муносиб ва аз ҳадди худ зиёд набошад.

Расонаи бритониёии “Financial Times” менависад, ки Иттиҳоди Аврупо дар пайи ҳамлаи Эрон ба Исроил масъалаи ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодии навро алайҳи Ҷумҳурии исломӣ баррасӣ хоҳад кард.

Дар робита ба ин ки Амрико ва Аврупо Сипоҳи посдорони Эронро террористӣ эълон мекунанд ё на, дақиқан маълум нест. Аммо вазири корҳои хориҷаи Бритониё дар посух ба ин суол гуфта, ки “ҳоло чунин қароре қабул нашудааст, вале он баррасӣ хоҳад шуд.”

Вазорати хориҷаи Эрон дар паёме гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ Эронро ба хештандорӣ даъват мекунад, “вале касе ҷиноёти Исроилро намебинад ва аз ӯ чунин даъвате ҳам намекунад.”

Эрон иддао дорад, ки бо партоби мушакҳо ва паҳподҳо пойгоҳҳои низомии Исроилро ҳадаф қарор доданд ва мақсадашон танҳо тазъифи бахши низомии ин кишвар будааст. Эрон ҳамчунин мегӯяд, ин ҳамла мутобиқи банди 51 Созишномаи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи дифоъ аз худ” ва посухе ба террорҳо ва ҳуҷумҳои “бемасъулонаи” Исроил буд, ки чанд сол боз идома дорад.

Расонаи амрикоии “Bloomberg” аз қавли собиқ мудири истихбороти Исроил хабар дод, ки “Ин ҳамлаи Эрон ба ҷанги Исроил дар Ғазза ва ҳатто хотимаёбии он тағйири стратегиеро ба вуҷуд хоҳад овард.”

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки аз ин ҳамлаи Эрон Исроил истифодаи бузург кард. Ба гуфтаи онҳо, аз ҷумла, Исроил ҷойгоҳ ва ҳимояти байналмилалии худро, ки дар пайи ҳамлаҳо ва кушторҳои бераҳмона мардуми бегуноҳ дар Ғазза аз даст дода буд, аллакай онро дигарбора ба даст овард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дошт аз Исроил худро канор мегирифт, дигарбора ӯро мазлум ҳисобида, дар бари ӯ истод ва Эронро давлати мушкилофар дар минтақа муаррифӣ хоҳад кард ва инчунин дар ташдиди ҳамлаҳо ба Фаластин дасти ӯро бозтар кард.

Аммо иддае бар ин назаранд, ки Эрон барои ҳфзи ҷойгоҳи минтақавии худ ба ҷуз чунин посух додан роҳи дигаре надошт ва посух саривақтӣ ва муносиб буд, агарчи Исроил аз ин ҳамла зарари моддие надид. Ба назари ин гурӯҳ, ҳадафи Эрон аз ин ҳамла осеб расондан набуд, балки паём ба Исроил ва ҳомиёни ӯ буд, ки дар оянда агар Исроил ба ҳар иқдоме даст бизанад, ки манофеи Эронро дар минтақа ҳадаф қарор бидиҳад, ба ҷанги мустақим омода аст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 13 ба 14-уми апрели соли ҷорӣ беш аз 300 мушак ва паҳпод аз Эрон, Ироқ ва Яман бо ҳадафи интиқомгирӣ аз ҳамлаи Исроил ба консулгарии он дар Сурия зери номи “амлиёти ваъдаи содиқ” ба сӯи Исроил партоб шуд, ки ба иттилои расонаҳо, наздик ба 100 паҳпод хориҷ аз хоки Исроил тавассути Бритониё, Амрико ва Урдун раҳгирӣ ва хунсо шуд.

Расонаҳои исроилӣ худи ҳамон шаб иттилоъ доданд, ки дар маҷмуъ Эрон ба сӯи ин кишвар 185 паҳпод, 36 мушаки навъи “Круз” ва 110 мушаки замин ба замин партоб кард, ки 7 мушак ба пойгоҳи низомии Ромун ва дигар пойгоҳҳо исобат карда, вале аз талафоти ҷонӣ иттилоъ дода нушудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.