30.9 C
Dushanbe

Аврупо Чинро сулҳофар медонад?

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон 5-уми апрели соли ҷорӣ зимни сафари худ ба Пекин гуфт, ки Чин метавонад дар ёфтани роҳе барои сулҳ дар Украина нақши муҳимро ифо кунад.

Раисҷумҳури Фаронса рӯзи панҷшанбе қабл аз дидор бо раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин иброз дошт, ки кишвараш дунболи ҳамкорӣ бо Чин дар масъалаи ёфтани роҳҳо ва таъмини сулҳу субот дар Украина аст.

Вай афзуд, ки Чин ба далели доштани равобити наздик бо Русия ва мухолиф буданаш барои истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар Украина, метавонад нақши муҳиммеро дар овардани сулҳу субот дар Украина дошта бошад.

Эммануэл Макрон дар дидор бо “Ҷомеаи фаронсавӣ” дар Пекин таъкид кард, ки “Мо набояд худро аз Чин ҷудо кунем”. Ин дар ҳолест, ки бархе кишварҳои ғарбӣ дар ибтидоии ҳаводиси Украина Чинро шарики Русия дониста, ба он чандон нигоҳи мусбат надоштанд.

Вале бархе коршиносон бар ин назаранд, ки маҳз муносибатҳои неки Чин бо Русия дар ин авохир кишварҳои ғарбиро дар масъалаи овардани сулҳу субот дар Украина то ҷое умедвор кардааст.

Гуфта мешавад, аввали моҳи марти соли ҷорӣ бо миёнҷигарии Чин Арабистони Саудӣ ва Эрон тавонистанд равобити дипломатии худро, ки 7 сол боз қатъ гардида буд, аз сар бигиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...