27.9 C
Dushanbe

Роҳандозии аввалин қатори борбарӣ аз Тоҷикстон ба Туркия

Аввалин қатори борбарӣ аз Тоҷикистон ба Туркия тавассути Узбекистон-Туркманистон-Эрон ба зудӣ ба роҳ мебарояд.

Акс аз сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

18-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Тоҷикистон конфронси васеъ зери унвони “Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа” бо ҳузури навмояндагони 15 кишвар ва созмонҳои байналмилаӣ баргузор гардид.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории ин конфрос рушди тиҷорат ва логистика байни кишварҳои ИДМ ва кишварҳои хориҷаи дуру наздик мебошад.

Дар ин замина кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Тукрманистон, Эрон ва Туркия барои ба роҳ андохтани қатори борбарӣ тавофуқ карданд. Гуфта мешавад, молҳои тиҷоратӣ аввалан тавассути мошинҳои боркашонӣ аз Чин ба Кӯлоби Тоҷикистон ва аз онҷо тавассути қатора ба Узбекистон-Туркманистон-Эрон ва сипас ба Туркия расонида мешаванд.

Акс аз сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Аммо кай ин қатори боркашонӣ ба кор оғоз мекунад, чизе гуфта нашудааст. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба даст омадани ин тавофуқро муҳим арзёбӣ крада, мегӯяд, “имрӯзҳо рушди иқтисодиёти ҳар кишварро бе инкишофи логистика тасаввур кардан ғайри имкон  аст.” Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар корнфрос пешниҳод карда, ки аз ҳисоби кишварҳои иштироккунандаи ин долон комиссияи корӣ ташкил карда шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.