35.9 C
Dushanbe

Қазоқистон Толибонро ба расмият шинохт?

Мақомоти олии Қазоқистон эълон карданд, ки ин кишвар номи Толибонро аз “феҳристи созмонҳои террористӣ” ҳазф кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев гуфтааст, номи Толибонро аз “феҳристи созмонҳои террористӣ” ба хотири рушд ва тавсеа бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ бо Афғонистон пок кардааст.

Тоқаев мегӯяд: “Қазоқистон бо назардошти аҳамияти рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Афғонистони муосир ва дарки он ки ин режим (Иморати исломии Афғонистон) омили дарозмуддат аст”, даст ба ин иқдом задааст.

Пеш аз Қазоқистон Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия низ эълон карда буд, ки эҳтимол дорад, ба наздикӣ Маскав гурӯҳи Толибон – режими ҳоким бар Афғонистонро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кунад.

Гуфта мешавад, дар замоне ки ҳеч кишваре бо гузашти наздик ба се сол ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст, ҳазфи номи онҳо аз сӯи яке аз бузургтарин кишварҳои минтақа ба нафъи онҳо хоҳад буд. Чун ҳанӯз чанд рӯз пеш Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон аз ин иқдоми Қазоқистон ва Русия истиқбол карда буд.

Додгоҳи олии Русия соли 2002 баъд аз сарнагун кардани ҳукумати Иморати исломии Толибон тавассути Амрико ва муттаҳидони ғарбиаш дар Афғонистон гурӯҳи Толибонро созмони террористӣ эълон карда буд ва ба дунболи он тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон фаъолияти ин гурӯҳоро дар қаламрави кишварҳои худ мамнуъ карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон то ҳанӯз ин гурӯҳро як созмони террористӣ медонад, вале ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ошкору пинҳон, бо ин гурӯҳ доду гирифт ва ҳамкорӣ мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.