27.9 C
Dushanbe

Баргузории нишастҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар Бишкек баргузор хоҳад шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки “рӯзҳои 21 – 26 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бидун нашри ҷузъиёти ин вохӯриҳои панҷрӯза дар пойтахти Тоҷикистон гуфтааст, ки ин нишаст “дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ” баргузор шуда ва аз “натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.”

Гуфта мешавад, “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шимолу-шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тахминан 987 км-ро ташкил мекунад.”

Дар манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, бахусус дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ҷаббор Расулов тайи ду соли ахир дар хеле мавридҳо вазъият буҳронӣ гардида, ба ҳисоби миёна моҳе як ё ду бор ҳам садои тирпарронӣ аз ҷониби сарҳадбонони ду кишвар ба қайд гирифта шуда ва дар хеле мавридҳо талафоти ҷонӣ низ гузориш мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.