35.9 C
Dushanbe

“Барқи Тоҷик” ТАЛКО-ро қарздор хонд, вале ин ширкат рад кард

Хабаргузории “Азия-Плюс” менависад, ки департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ТАЛКО, Игор Сатторов аз қарздор хондани ширкаташ аз ҷониби “Барқи Тоҷик” вокуниш нишон дода, гуфтааст, ки ширкати ТАЛКО аз “Барқи Тоҷик” на ин ки қарздор, балки маблағи андозро пешпардохт кардааст.

Сатторов дар шарҳи ин қазия гуфтааст, ки ҳисоббаробаркунӣ байни ТАЛКО ва ширкати “Барқи Тоҷик” одатан дар охири сол сурат мегирад, на ҳоло.

Ин ҳисоббаробаркуниҳо ба гуфтаи Сатторов, натанҳо аз пардохт барои барқи истифодашуда дар ифодаи пулӣ иборатанд, балки аз ҷониби ширкати алюминий аз ҳисоби таъминоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо ангишт ва маҳсулоти нафтӣ ҳисоб баробар карда мешаванд.

“Тайи 5 соли охир ширкати алюминии тоҷик натанҳо пурра, балки бо гузаронидани маблағи зиёдтар аз пешбинишуда барои истифодаи неруи барқ пардохтҳоро анҷом дод”, – илова кард Игор Сатторов.

Рустам Маҷидзода, сардори Сарраёсати молияи “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии рӯзи душанбеи 27 июл ширкати алюминии ТАЛКО-ро ба сафи ширкатҳое ворид кард, ки аз “Барқи Тоҷик” ҳамчун қарздорони дар ҳаҷми бузург ба шумор мераванд. Маҷидзода ҳаҷми қарзи ТАЛКО-ро 415 млн сомонӣ (беш аз 40 млн доллар) рақам зад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.