-2.1 C
Dushanbe

Барои риоя накардани тозагӣ кӣ гунаҳкор аст, шаҳрвандон ё масъулин?

Дар остонаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон сокинони пойтахт аз риоя накардани тозагӣ дар шаҳр шикоят доранд.

Як сокини маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе бо интишори видеое аз риоя накардани тозагии маҳалли зист шикоят карда мегӯяд, назди хобгоҳ ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон дар ин маҳалла пур аз партов аст. Дар ин видео дида мешвад, назди майдончаи кӯдакон об ҷамъ шуда, пур аз партов аст ва роҳи ворид шудан ба майдонча душвор шудааст.

Мушкилоти риоя накардани тозагӣ танҳо мушкили шаҳри Душанбе набуда, дар дигар шаҳрҳои калони кишвар низ ин мушкилот вуҷуд дорад. Сокинон сабаби ифлосу пур аз партов будани кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро дар сари вақт тоза накардани партовгоҳ ва тоза накрдани кӯҷаҳо аз ҷониби масъулини коммуналии шаҳру ноҳияои худ медонанд. Аммо масъулони шаҳру ноҳияҳо сокинонро ба риоя накардани тозагӣ гунаҳкор медонанд ва мегӯянд, ки сокинон партовҳои худро дар ҷойҳои муайяншуда намегузоранд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 26-уми июли соли ҷорӣ муовини шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода ифлосшавии кӯчаҳои пойтахтро эътироф карда буд. Ӯ гуфт, ки барои ҳалли мушкилоти тозагӣ дар шаҳр байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Муовини Рустами Эмомалӣ гуфтааст, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ нисбати шаҳрвандоне, ки партовҳоро дар ҷойҳои муайяншуда намеандозанд, 806 протокол тартиб додаанд.

Аз соли 2017 раҳбарии Душанберо Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад ва сокинони шаҳр аз мудирияти ӯ ба шиддат интиқод карда, мегӯянд, ки наметавонад мушкилоти шаҳрро бартараф кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи тағйиру ҷойивазкуниҳо дар вазорату идораҳо

Шералӣ Мирзо, ки беш аз 12 сол вазири дифои кишвар буд, аз вазифааш барканор шудааст.

Толибон: Омилони ҳамлаҳо дар Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистону Покистонанд

Толибон бо интишори гузорише муддаи шуданд, ки аксари омилони ҳамлаҳои терористӣ дар Афғонистон шаҳвандони Тоҷикистон ва Покистон мебошанд.

Додгоҳи Лоҳа раҳбарони Толибонро боздошт мекунад?

Аз Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ (Додгҳи Лоҳой) хоста шуда, ки ҳукми боздошти роҳбарони Толибон, аз ҷумла Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдуллоҳ Ҳаққониро содир кунад. 

Раҳмон ду қудояшро аз вазифаҳояшон барканор кард

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ё ҷойивазкунии имрӯзаи мақомдоронро аз барканории ду қудояш шуруъ кард.