36.9 C
Dushanbe

Баррасии имконияти вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия дар ояндаи наздик

Елена Горожанкина, муовини директори Департаменти ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати маорифи Федератсияи Русия, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, гуфт, имконияти вуруди донишҷӯёни Тоҷикистон ба қаламрави Русия барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия аз ҷониби Ситоди оперативии мубориза бо коронавирус дар ояндаи наздик баррасӣ хоҳад шуд.

Горожанкина афзуд: “Ситод мунтазам мулоқотҳо анҷом медиҳад. Нақши асосиро дар масъалаи бекор кардани маҳдудиятҳо барои як кишвари мушаххас андешаи Роспотребнадзор мебозад. Фикр мекунам, ки дар рӯзномаи ҷаласаҳои навбатӣ саволе дар бораи рӯйхати кишварҳо хоҳад буд, ки яке аз онҳо Тоҷикистон аст.”

Ба гуфтаи Горожанкина Тоҷикистон аз рӯи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия дар ҷои дуввум қарор дорад ва донишгоҳҳои Русия бояд омода бошанд, ки чунин теъдоди донишҷӯёни тоҷикро бо масъулият қабул кунанд.

Аз 20 марти соли 2020 мақомоти Тоҷикистон ба иллати пандемия ҳама парвозҳои байналмилалиро мутаваққиф кард. Дар ин муддат Тоҷикистон ва Русия барои бозгашти шаҳрвандони худ ба ватан парвозҳои чартерӣ ташкил намуда буданд.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия беш аз 29 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки дар байни онҳо донишҷӯёни мактабҳои олии Русия низ ҳастанд, ки филиалҳояшон дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котленикии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. 

Сафари Додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвар вориди Тоҷикистон шудааст.

Месси ба Амрико меравад

Футболбози 35-солаи аргентинӣ Лионел Месси на дар Арабистони Саудӣ, балкӣ дар Амрико бозӣ хоҳад кард.