26.9 C
Dushanbe

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва САҲА

Масъулини Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе рушди муносибатҳои худро баррасӣ карданд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Бино ба иттиллои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 12-уми августи соли 2022 “муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Теа Ҷалиашвилиро ба ҳузур пазируфт.”

Ба қавли манбаъ, “дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.”

Тоҷикистон 30 сол аст узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мебошад, вале дар се даҳсола ягон маротиба САҲА интихоботҳои баргузоршуда дар Тоҷикистонро пурра демократӣ ва тибқи меъёрҳои қабулшуда дар ин созмонро эътироф накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.