27.9 C
Dushanbe

Беш аз 135 муҳоҷир дар интизори ихроҷ аз Русия

Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон кардааст, ки танҳо дар як боздоштгоҳи муваққатии Маскав беш аз 135 муҳоҷири тоҷикистонӣ дар интизори ихроҷ қарор доранд.

Бино ба иттилои расмӣ, 22-юми июли соли 2024 масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия бо муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷикистонӣ дар боздоштгоҳи Сахаровои шаҳри Маскав мулоқот кардаанд.

Ба қалви манбаъ, дирӯз, “кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия воқеъ дар Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.”

Сафорати Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир “дар маркази номбурда 136 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд”, ки дар байни байни он чанде аз муҳоҷирзанҳо ҳам вуҷуд доранд.

Гуфта мешавад, вазъи муҳоҷирони боздоштшуда дар ин ва дигар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия барои муҳоҷирон хуб нест. Дар аксари ҳолатҳо гуруснагӣ, камобӣ ва тибқи меъёр тозаву мураттаб набудани боздоштҳои муваққатӣ мушкилоти боздоштшудаҳоро зиёдтар ва афсурдагии онҳоро афзун мекунад.

Инчунин аз ҳад зиёд будани муҳоҷирон дар ин боздоштгоҳи муваққатӣ кормардони сафорартро маҷбур карда, ки аз раҳбарони Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав талаб кунанд, ки раванди фиристодани онҳо ба Ватанро зудтар анҷом диҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.