19.9 C
Dushanbe

Белорус марзҳои худро бар рӯи давлатҳои аврупоӣ мебандад

Раисҷумҳури худкомаи Белорус Александр Лукашенко имрӯз сешанбе гуфт, ки давлаташ рӯзҳои наздик марзҳои худро бар рӯй давлатҳои аврупоӣ мебандад. Ӯ гуфта, ки барои манъи вуруди шаҳрвандони давлатҳои ғарбӣ ба Белорус марзҳои Брест ва Градноро мебандад.

Хабаргузории давлатии “Белто” аз қавли Лукашенко менависад: “Давлатҳое, ки таҷрибаи бештар доранд, мефаҳманд, ки барои Белорус тавтиа сохтану дастбагиребон шудан дуруст нест, зеро ӯ дар ҷавоб метавонад марзҳои худро дар Брест ва Градно бибандад. Дар натиҷа молҳои олмонӣ ба осонӣ ба Шарқ расида наметавонад.”

Ба гуфтаи Лукашенко ба давлатҳои назди Балтик ҳушдор додааст, ки онҳо кучактар аз онанд, ки дар баробари Белорус муқовимат кунанд. Ӯ афзуда, ки ба ин давлатҳо мисли саг фармон дода шудааст ва онҳо аз зери девор садо бароварданд. “Ман ин амалкарди давлатҳои назди Балтиқро ҳамингуна мефаҳмам.”

Ин дар ҳолест, ки дирӯз 31 август давлатҳои Литва, Эстония ва Латвия дар бораи манъи вуруди раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва инчунин 29 мансабдори дигари Беларус қарор қабул карда, алайҳи онҳо таҳрим эълон карданд.

Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентии 9 августи Белорус ва баранда эълон шудани Александр Лукашенко мардум ба хиёбонҳо рехтанд ва аз натиҷаҳои эълоншуда норозигӣ намуда даст ба эътироз заданд. Эътирозгарон аз Лукашенко, ки 26 сол мешавад Белорусро идора мекунад, талаб доранд аз қудрат канор биравад ва барои шахси дигар фурсат диҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бонки ҷаҳонӣ механизми нави сарфи маблағро ба Тоҷикистон ироа кард

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ як механизми нави молиявиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳадафаш вокуниши босуръат ба ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо мебошад.

Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони Русия коҳиш ёфтааст?

Вазорати корҳои дохилии Русия аз коҳиши ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирони корӣ хабар дод.

Наҷот ёфтани як нафар аз худкушӣ тавассути хонандаи мактаб

Дар шаҳри Душанбе як духтари ҷавон бо қасди худкушӣ худро ба дарё андохт, вале тавассути як хонандаи мактаб аз марг наҷот ёфт.

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.