26.9 C
Dushanbe

Билетфурӯши фиребгарро дар назди сафорат дастгир карданд

Беҳрӯзҷон Ҷалолов, як ҷавони 28-солаи тоҷик аз сӯи мақомоти Русия дастгир шудааст. Гуфта мешавад ин ҷавон дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия худро корманди сафорат муаррифӣ карда, аз корафтодагон бо ваъдаи билети ҳавопаймои парвозҳои чартерӣ аз Маскав ба Тоҷикистон пул ситонидааст.

“Озодӣ” навишта, ки Ҷалолов рӯзи 17-уми июл дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав боздошт шудааст. Дар натиҷа маълум шуд, ки Беҳрӯзҷон Ҷалолов аз зиёд будани шумораи хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистон ва зудбоварии шаҳрвандон сӯистифода карда, бо ваъдаи дастрас кардани билет дар парвозҳои чартерӣ аз 13 нафар пул гирифтааст. Ӯ бо ин мақсад аз ҳар нафар аз 25 то сад ҳазор рубл ситонида ва дар маҷмӯъ 490 ҳазор рубл ба даст овардааст.

Кирдори Ҷалолов аз сӯи кормандони бахши амнияти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ошкор шуд. Мақомот ӯро ба мардумфиребӣ ва қаллобӣ айбор намуда, барои чораандешӣ дар нисбаташ ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия супурданд. Назари худи Ҷалолов дар ин робита ҳанӯз дастрас нест.

Қаблан на як бору ду бор сафорати Тоҷикистон бо изҳороти расмӣ ба шаҳрвандон ҳушдор дода буд, ки дар хариди билет ба доми фиребкорон науфтанд ва фурӯши билет танҳо тавассути  билетфурӯшиҳо сурат мегирад. Аммо чуноне бармеояд боз ҳам афроде пайдо мешаванд,ки қурбонии чунин нафароне мешаванд, ки бо истифода аз вазъияти ногувор даст ба ҷайби мардум мезананд. Аз сӯи дигар ин суол ҳам бояд посух дошта бошад, ки чаро ходимони амниятӣ ва дар умум кормандони сафорат, ки “билетфурӯш” ҳам худро корманди онҳо ва ҳам дар назди идораи онҳо даст ба мардумфиребӣ задааст пештар огоҳ нашуданд?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Истеъфои сармуррабии футбол

Сармураббии дастаи пуровазадори "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расидааст.

Мақомоти тоҷик аз боздоштҳои муҳоҷирон ба сафири Русия гила карданд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо сафири Русия аз боздоштҳои оммавии муҳоҷирон, ки тавассути мақомоти рус анҷом дода мешавад, изҳори нигоронӣ кардааст.