32.9 C
Dushanbe

Бобоназарова: Тайёрам дар ҳайъати тафтишот ҳодисаи ҳамла ба Сайфуллозодаро таҳқиқ кунам

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи кишвар аз мақомот хостааст, ки ҳодисаи лату кӯби рӯзноманигори 70-сола Ҳикматулло Сайфуллозодаро дар зиндон таҳқиқ кунад.

Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раҳбари Созмони “

Бино ба маълумоти ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, Фароғат Сангинова ҳамлагар Турсунов Аслиддин як зиндонӣ, ки бо ҷурми одамкушӣ маҳкум ба зиндон шудааст, дар шуъбаи санитарии зиндон ба Сайфуллозода ҳамла карда, бо чойники оҳанин ба сараш зарба мезанад. Дар натиҷа Сайфуллозода аз ноҳияи сараш осеб хӯрда, пирамарди 70-сола дар шӯъбаи беҳдоштии зиндон як ҳафта бистарӣ мегардад.

Гуфтанист, Турсуновро барои 10 рӯз ба шӯъбаи бемории зиндон ҷойгир мекунанд. Ба гуфтаи хонум Сангинова ҳамлагарро ҳадафмандона ба ин шӯъба овардаанд, то ки Сайфуллозодаро латукӯб кунад. Ӯ афзуд, ки ин ҳодиса тарҳрезӣ шуда ва ба қазияи амалиёти маҳви физикии Маҳмадалӣ Ҳаит шабоҳат дорад.

Инчуни дар сӯҳбат бо Аздо тв Сангинова гуфт, ҳамсараш қаблан дар шӯъбаи беҳдоштии зиндон бо сабаби бемории қалбаш бистарӣ буд ва бояд табобат гирифта аз шӯбаи санитарӣ ҷавоб мешуд. Аммо тӯли як ҳафтаи ахир Сайфуллозода бо пайвандонаш тамоси телефонӣ надошт.

Сангинова баъд аз расонаӣ шудани хабари лату кӯби ҳамсараш дирӯз ба зиндони Ваҳдат рафта ба шӯъбаи беҳдоштии он роҳ намеёбад. Масъулони зиндон ба ӯ гуфтанд, ки ба шавҳараш ҳеҷ ҳамлае сурат нагирифта ва ӯ сиҳату саломат аст.

“Дар назди бинои зиндон пофишорӣ кардам ва ба зиндонбонҳо гуфтам, то шавҳарамро набинам ба ҳеҷ куҷо намеравам. Баъд аз 20 дақиқа аз рақами муассиса шавҳарам занг заданд ва ҳодисаро аз худашон пурсидам. Ҳоҷӣ (Ҳикматулло Сайфуллозода) ба ман нақл карда гуфт, ҳамлагар одамкӯш буда, ними шаб ба ӯ дар “санчаст” ҳуҷум карда, бо чойники оҳанин ба сараш мезанад…”, – афзуд Фароғат Сангинова.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони Хабарнигорони Бидуни Марз “RSF” бо баёнияе, ки рӯзи 9 сентябр нашр шуд аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, Ҳикматулло Сайфуллозодаро афв кунад. Чунки “Сайфуллозода аз соли 2015 дар зиндон аст ва ҷонаш дар хатар аст.”

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ сардабири ҳафтаномаи Наҷоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз таҳлилгарони шинохтаи кишвар айни замон дар бинои зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо иттиҳоми сохтаи мақомот 6 сол пеш боздошт ва барои 16 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.