20.9 C
Dushanbe

Боз шудани парвандаи маъмурӣ барои як муҳоҷири намозхон

Як сокини Осиёи Марказӣ дар шаҳри Санк-Петербурги Русия барои гузоштани намоз дар роҳ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

Хабаргузории “Интерфакс” рӯзи чоршанбе бо такя ба манобеи худ аз шуъбаи минтақавии Вазорати корҳои дохилии Русия ин хабарро тайид кард.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое пайдо шуд, ки дар он марде дар роҳе дар шаҳри Санкт-Петербург намоз мехонад.

Ба навиштаи “Интерфакс” полис пас аз таҳқиқи навор шахсияти ин мардро муайян кард. Гуфта мешавад, муҳоҷири дастгиршуда аз Осиёи Марказӣ аст.

“Ӯро аллакай пайдо карда, ба шӯъбаи пулис бурда ва нисбати ӯ барои поймол кардани қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби пиёдагард (тибқи моддаи 12.29 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия – И.Ф.) протокол тартиб додаанд”.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати “Интерфакс” мошини ин мард барои санҷиш мусодира шудааст, зеро полис дар қонунӣ рондани он шубҳа доштааст.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди хориҷиро ба Хадамоти муҳоҷират интиқол дода, мавриди санҷиш қарор медиҳанд, ки то куҷо қонунгузории муҳоҷиратро низ риоя кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танҳо дар Перм 1200 шаҳрванди нави Русия ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд

Дар вилояти Перм тақрибан 1,2 ҳазор хориҷие, ки давоми даҳ моҳи соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд.

Вашингтон ва Пекин ба созиши тиҷоратӣ наздик мешаванд

Рӯзи 30-уми октябр раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва раҳбари Чин Си Ҷинпин дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ мулоқот карданд.

“Ғаюр Семент” ҳамаро ба дод овардааст, кӣ бояд назорат кунад?

Гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Соҳибкорон-2 ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз он шикоят доранд, ки рафтуои мошинҳои боркаши марбут ба ширкати "Ғаюр Семент" маҳалларо хароб кардааст.

Муаллимон дигар “облава” намешаванд?

Ҳамаи муаллимони мактабҳо дар давраи фаъолияти касбии худ бояд дигар "облава" нашаванд.