31.9 C
Dushanbe

Боз таҷовуз ба номуси ноболиғ

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки сокини ноҳияи Шаҳринавро барои таҷовуз ба номуси ноболиғ ба 18 соли зиндони низомаш сахт равон кардааст.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти прокуратураи генералӣ Азизов Олимбой Тухтаевич аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба манзили истиқоматии писарамакаш Азизов А., воқеъ дар суроғаи ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти А. Ҳасанов ворид гашта, аз набудани аъзои оила истифода бурда, ба духтари ноболиғи писарамакаш таваллудаш 6 октябри соли 2005 ҳуҷум карда, дар  дохили ҳуҷраи хоб дароварда, ба тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ намудааст.

Баъди анҷом додани ин амали зишт Азизов О.Т. ноболиғ А.Ш.-ро таҳдид кардааст, ки агар дар хусуси ин ҳодиса ба касе гӯяд, ӯро ба қатл мерасонад.

Ҳамчунин 23 январи 2019 бори дуввум боз ба ин манзил омада аз набудани волидон истифода бурда, амали зишти худро анҷом додааст. Нисбати Азизов О.Т. Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав бо моддаҳои 138 кисми 3 «а» ва 120 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми он барои баррасӣ ба Суди олии Тоҷикистон ирсол намуд.

Бо ҳукми Суд Азизов О.Т. бо моддаҳои дар боло зикргардида гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин карда шуд.

Пештар ҳам дар мавриди таҷовуз ба номуси ноболиғон, хусусан аз ҷониби наздикон хабарҳо зиёд нашр шуда буд, “Аздо тв” оиди сабабҳои чунин ҷиноятҳо бо равоншиносон ва ҷомеашиносон суҳбат карда буд. Аз он ҷумла Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншинос гуфта буд:

“Аксари ин одамон бемории рӯҳӣ доранд, яъне сарҳади рафтори ахлоқии онҳо муайян нест. Ин гуна бемориро педофилия (пед – кӯдак, филия – дӯст доштан) меноманд. Яке аз сабабҳои педофилия ин аз хурдӣ зарби равонӣ ё зуроварии ҷисмӣ хӯрдан аст: -яъне касе онҳоро ба кори ҷинсӣ мутаваҷҷеҳ мекунад ё таҷовуз мешаванд. Сабаби пайдо шудани ин зуҳуротҳо дар Тоҷикистон омадани мигрантҳо аз давлатҳои дигар ва овардани фарҳанги он ҷоҳост. Педофилҳо барои ҷомеъаи мо хатарноканд.”

Маҳмудшоҳ Кабиров дар хусуси пешгирии ин зуҳурот гуфт, бояд “системаи тибби равонӣ ва руҳиро пурзӯр намуд. Муттахассисони ин соҳаро таёр намуд. Тарбияи равонӣ фарҳангиро дуруст роҳандозӣ намуд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ аз боздошти нафаре хабар дод, ки дар қаллобӣ ва азхудкунии пулҳои мардум бо роҳи фиреб муттаҳам мешавад.

Ҳушдори Белорус ба Ғарб: Хатти сурхро убур накунед!

Як мақомдори баландпояи низомии Белорус пас аз ҷобаҷакунии силоҳҳои ҳастаии Русия дар хоки ин кишвар ба Ғарб ҳушдор дод, ки хатти сурхро убуб накунанд.

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.