Хабар УМУМӢ

Боздошти ду гумонбар дар қатли ҳамсарони худ

Кормандони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ду мардро бо гумони даст доштан дар қатли ҳамсаронашон боздошт кардааст. Акс: Интернет Бино ба иттилои ВКД, боздоштудаҳо дар куштори занони худ гумонбар дониста мешаванд. Яке аз боздоштшудаҳо марди 48-солаи сокини шаҳраки Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод буда, 14-уми ноябри соли 2021 дар ҳуҷраи истиқоматиаш ба ҳамсараш, зани 51-сола муноқиша намуда, бо […]

Кормандони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ду мардро бо гумони даст доштан дар қатли ҳамсаронашон боздошт кардааст.

Акс: Интернет

Бино ба иттилои ВКД, боздоштудаҳо дар куштори занони худ гумонбар дониста мешаванд.

Яке аз боздоштшудаҳо марди 48-солаи сокини шаҳраки Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод буда, 14-уми ноябри соли 2021 дар ҳуҷраи истиқоматиаш ба ҳамсараш, зани 51-сола муноқиша намуда, бо рӯймоли сараш ӯро бӯғӣ карда куштааст.

Ба иттилои ВКД гумонбари дуюм, марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров буда, 9-уми ноябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Ғафурови ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсари 25-солаааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 12-маротиба ба узвҳои бадани занаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати гумонбаршавандаҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ВКД аз боздоштшудаҳо ном набурдааст. Ҳамчунин назари худи гумонбарон ва адвокатҳояшон дастраси расонаҳо нест.

Мавзӯъҳои марбут