23.9 C
Dushanbe

Боздошти як гурӯҳ бо иттиҳоми “ғоратгарӣ”

Дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи сенафариро боздошт карданд, ки ба ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ ва ба ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ гумонбар мешаванд.

Маркази матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз боздошти шаҳрвандони кишвар Абдуманнон Болтаев, Шаҳноза Тошпӯлотова ва Манижа Бобоева бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои “ғоратгарӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва дигар ҷиноятҳо хабар дод.

Ба гуфтаи мақомот, раҳбарии ин гурӯҳро Абдуманнон Болтаев, ки қаблан барои роҳзанӣ ва дуздӣ маҳкум шуда буд, бар уҳда доштааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Тошпӯлотова ва Бобоева дар шаҳри Душанбе хонаеро иҷора гирифта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардон “хизматҳои пулакии шаҳвониро” пешниҳод мекардаанд.

Ҷавононе, ки ба доми онҳо меафтодаанд, дар аввал онҳоро Шаҳноза ва Манижа дар хонаи иҷорагирифтаашоон пешвоз мегирифтаанд.

Пас аз чанд вақт Болтаев бо завлона, туфангча ва электрошокер вориди хона шуда, худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, ҷабрдидаҳоро лату кӯб мекардааст.

Ӯ бо камераи телефонаш ҳамаи инро наворбардорӣ карда, бо тарс додан аз ҷавонони ба домашон афтода, маблағҳои калонро мегирифтааст. Болтаев аз яке аз ҷабрдидаҳо мошини тамғаи “BMW” гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, нисбати боздоштшудаҳо Абдуманнон Болтаев, Шаҳноза Тошпӯлотова ва Манижа Бобоева тибқи моддаҳои 249 (Ғоратгарӣ), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.