37.9 C
Dushanbe

“Гуля” бо иттиҳоми қочоқи 12 кило тилло боздошт шуд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ Гулнора Турсунбойева маъруф бо номи “Гуля”-ро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ворид кардани 12 кило тилловорӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карданд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “

Акс аз “Бомдод”

Бино ба гузориши манбаъ, ин бонуи тоҷик молики мағозаҳои тиллофурӯшии “Ҷило” дар бозори “Корвон” буда, ҳангоми бозгашташ аз Туркия 12 кило тиллои ороиширо, ки 600 ҳазор доллар арзиш доштаанд, ба сурати қочоқ ба кишвар ворид кардан мехостааст.

Манобеи “Бомдод” гуфтаанд, ки Гулнораро на дар дохили фурӯдгоҳ ҳангоми бозрасии ҷомадонҳояш, балки баъд аз берун баромадан аз фурӯдгоҳ дар дохили мошин боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд дар қочоқи ин миқдори бузурги тилловорӣ кормандони гумруки фурӯдгоҳ ёрӣ расондаанд. “Вагарна бидуни мусоидати онҳо даровардани чунин миқдори бузурги тилловории қочоқӣ аслан имкон надошт. Маҳз ҳамин шариконаш зани тиллофурӯшро аз тариқи СИП-зал бидуни ягон тафтиши бағоҷаш аз фурӯдгоҳ берун баровардаанд.”

Ҳамчунин манобеи дигар афзудаанд, ки Гулнора Турсунбойева дар фурӯдгоҳ шиносони “боқувват” дошт ва ҳар моҳ 12 килло тилловорӣ ба ҳамин шакл ворид мекард ва маҳз онҳо дар қочоқи ин миқдор тиллои зиёд кумакаш мекарданд, ки дар натиҷа ӯ ва амсолаш дар бозор рақобати носолимро ба вуҷуд оварда, дигар тиллофурӯшон бо онҳо рақобат карда наметавонистанд.

Аммо то ҳол дар мавриди боздошти кормандони гумруки фурӯдгоҳи Душанбе, ки бо Гулнора ҳамдаст буданд, гузорише нашр нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...