27.9 C
Dushanbe

Боздошти се нафар бо иттиҳоми қаллобӣ дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти се нафаре хабар дод, ки ба иддаои ин ниҳод, онҳо бо роҳи фиреб додани мардум пулҳои калоне ба даст меовардаанд.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, ВКД-и шаҳри Душанбе дар пайи муроҷиати шаҳрвандон аз зангҳои афроди ношинос ва шубҳанок аз хориҷи кишвар амалиёти фаврӣ-ҷустучӯӣ анҷом дода, дар натиҷа муайян гашта, ки як гурӯҳ тавассути интернет ба мардумфиребӣ машғул бадаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ акси се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро нашр карда ва аз онҳо Мамараимов Фарҳоди 32-сола, Шарофиддинов Рустами 33-сола ва Акобирова Аминаи 23-сола ном бурдааст. Гуфта мешавад, онҳо бо гумони ҳамроҳ ва ҳамдаст будан бо гурӯҳе, ки аз хориҷи кишвар ба чунин корҳо машғуланд, боздошт шудаанд.

Вазорат мегӯяд, тафтишот ошкор кард, ки ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ барои анҷом додани амалҳояшон ин се шаҳрванди Тоҷикистонро “ба худ ҷалб намуда, барои интиқол додани маблағҳои пулӣ онҳоро вазифадор намудаанд.”

Тибқи гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, гурӯҳи мазкур бо истифода аз имкониятҳои техналоияи навин рақамҳои телфони мобиллии шаҳрвандонро дастрас намуда, бо онҳо дар тамос шуда, мегуфтаанд, ки фарзандони дар хориҷ будаашон ба садама ва ё дигар фоҷиаҳо гирифтор шуданд, барои табобат ва кумак ба онҳо маблғҳои калони пулӣ талаб мекардаанд.

Аз ҷумла, дар хабар зикр мешавад, ки Мамараимов Фарҳод ва Шарофиддинов Рустам сокинони шаҳри Душанбе, “тавассути саҳифаи иҷтимоии “Телеграмм” бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос шуда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ба истилоҳ “курер” ба онҳо ёрӣ расонидаанд.” Таъкид мешавад, ки онҳо аз се шаҳрванд беш аз 40 ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд.

ВКД дар иттилоияи худ гуфта, ки Акобирова Амина “дар се ҳолат аз ҷабрдидагон, дар умум зиёда аз 22 ҳазор долларро гирифта, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ маблағҳоро ба хориҷи кишвар фиристодааст.”

То ҳол назари боздоштшудаҳо ва ё наздикони онҳо дар робита ба иттиҳоми эълоншуда алайҳашон дастраси расонаҳо нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.