-3.1 C
Dushanbe

Боздошти се узбекистонӣ дар Туркия бо гумони қатли рӯҳонии яҳудӣ

Мақомоти Туркия рӯзи чоршанбе се шаҳрванди Узбекистонро бо гумони даст доштан дар қатли руҳонии яҳудӣ дастгир кардаанд.

Мақомоти Туркия аз ин се шаҳрванди Узбекистон Олимбой Тоҳировичи 28-сола, Азизбек Комиловичи 33-сола ва Маҳмудҷон Абдураҳими 28-сола ном бурда, мегӯяд, ҳарсеи онҳо ба он муттаҳам мешаванд, ки Тсви Коган, рӯҳонии яҳудӣ ва шаҳрванди Исроилро дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ куштаанд. Аммо назари худи гумонбарон то ҳол дастраси расонаҳо нагардидаст.

Расонаҳо қаблан мегуфтанд, ки ин се шаҳрванди Узбекитосн дар худи кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шудаанд, аммо баъдтар гуфтанд, ки онҳо фирор кардаанд. Имрӯз расонаҳои туркӣ хабар доданд, ки гумонбарон пас аз дастгир шудан ба давлати Иморот супорида шуданд.

Ба иттилои расонаҳои туркӣ, гумонбарон пас аз ҳодисаи қатл тариқи ҳавопаймо ба Истанбул фирор карданд. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз Туркия боздошти онҳоро дархост кард. Нерӯҳои пулис ва амниятии Туркия зимни як амалиёти муштарак ҳангоми бозрасии мошинҳо онҳоро аз дохили як таксӣ боздошт карданд.

То ҳанӯз ангезаи қатли ин яҳудӣ маълум нест. Давлати Иморот гуфта, ки ин қазияро таҳқиқ мекунад. Ҳамзамон кишвари Узбекистон низ дар ин манрид изҳороте надодааст.

Гуфта мешавад, Коган, ки шаҳрвандии Молдовияро низ доштааст, аз соли 2020 дар шаҳри Дубай ба тиҷорат машғул буд. Рӯзи 21-уми ноябр нопадид шуд ва пас аз чанде ҷасади ӯро пайдо карданд. Исроил дар ҳол иддао кард, ки паси ин ҳодиса дасти Эрон аст ва онҳо бо Эрон робита доштанд. Аммо сафорати Эрон дар Абузабӣ бо нашри изҳороте қотеъона иддаои Исроилро рад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон

Душанбе ва Исломобод қасд доранд, ки як роҳи тарнзитии...

Дар Русия имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон иҷборӣ мешавад

Думаи давлатии Русия аз лоиҳаи қонуне пуштибонӣ кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан дар мактабҳои ин кишвар бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

Имзои Ёдошти тафоҳум байни Тоҷикистону Покистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикии худ Ёдошти тафоҳум имзо мекунанд.

Тазоҳурот дар Дортмунд барои раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳ

10-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодии Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд ҷамъ омаданд.