-0.1 C
Dushanbe

Боздошти собиқ консули Тоҷикистон дар Афғонистон

Тибқи маълумоти расида, Абдулфайз Атоӣ, собиқ сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷӣ аз ҷониби мақомоти кишвар боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, Атоӣ, ки пештар ҳам дар вазифаи консули Тоҷикистон дар шаҳри Қундузи Афғонистон адои вазифа кардааст, аз моҳи августи соли ҷорӣ ҳамроҳи собиқ вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон зарифӣ боздошт шудааст. Аммо хабари боздошташ тоза аз ҷониби “Радиои Озоди” расонаӣ мешавад.

То кунун ҷое хабари боздошти ӯ нашр нашуда буд. Зеро мақомот дар бораи боздошти ӯ то ҳол ҳеч маълумоте барои ҷомеаи Тоҷкистон ироа накардаанд. 

Бино ба иттилои манбаъ, хешовандони Атоӣ ҳам дар ин бора бо касе суҳбат накардаанд ва аз суҳбат бо расонаҳо низ худдорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, маълум нест, ки Атоӣ ба чӣ гуноҳе муттаҳам мешавад. Вакилони дифоъ ҳам бо баҳонаи муҳри махфӣ доштани парванда дар ин бора чизе намегуянд.

Бояд гуфт, ки дар моҳи июни соли 2024 мақомоти Тҷокситон чанд нафар аз ҷеҳраҳои саршиноси кишварро боздошт кард, ки дар байни онҳо собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ низ буд. Ҳамрохон Зарифӣ дар гузашта ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Амрикову Япония низ кор кардааст.

Дертар расонаҳо аз боздошти Акбаркашоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президент, Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), инчунин Шокирҷон Ҳакимов, ҳукуқшиноси шинохта ва муовини раиси ҲСДТ хабар доданд. Мақомот то ҳол сабаби боздошти ин чеҳраҳои шинохтаро расман шарҳ надодаанд.

Аммо ин боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки мақомот пештар аз ҳама Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва собиқ вакили парлумонро бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” дастгир карда буд ва Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон низ вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки боздошти ин афроди шинохта маҳз ба парвандаи Усмонзода рабт дорад.

То ҳол наздикони ин афроди боздоштшуда муваффақ нашудаанд, ки бо онҳо дидор кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Режими Раҳмонов фишор болои дигарандешонро сахттар кардааст

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) аз идомаи саркӯби озодии баён ва боздошти фаъолону мухолифин, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Ҳаво сард мешавад! Ҳушдори КҲФ ба сокинони кишвар

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 17-ум то 20-ум январ дар кишвар ҳавои сард, боридани барфу борон пешбинӣ мешавад.

Ҳиндустон густариши фарҳангии худро дар Тоҷикистон бештар мекунад

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уйке бо вазири фарҳанги Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Аминзода мулоқот анҷом дод.

Имзои санадҳои муҳим байни Тоҷикистону Эрон

Президентҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён чандин санади ҳамкориро ба имзо расондаанд.